Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМавлавӣ Муҳаммадалӣ бо вазъи вахим аз зиндон ба бемористон интиқол ёфт

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо вазъи вахим аз зиндон ба бемористон интиқол ёфт

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо вазъи вахим ба бемористони Қарияи Боло интиқол дода шудааст. Ӯ аз бемории қанди хун ва қалб ранҷ  мебарад.

Тибқи иттилоъи Саидисҳоқ Бобоев бо истинод ба манобеъи мӯътамад дар Душанбе, вазъи саломатии ин узви аршади Раёсати Олии ҲНИТ хеле бад шуда ва раёсати зиндон тасмим гирифтааст ӯро ба бемористони шаҳрӣ интиқол диҳад. Зиндонии сиёсиро ду посбони зиндон ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, чанд моҳ қабл Мавлавӣ бинобар боло рафтани сатҳи қанд дар хунаш дар госпитали зиндон бистарӣ шуда буд. Он замон бемории қалби ӯ низ хурӯҷ мекунад ва ӯро ба бемористони Қарияи Боло интиқол медиҳанд ва баъди каме беҳтар шудани вазъаш дубора ба госпитал бармегардонанд.

Ҳоло бори дуввум аст, ки ин узви аршади ҲНИТ ба бемористони шаҳрӣ интиқол дода мешавад ва таъқид мегардад, ки ин дафъа вазъаш бадтар аз дафъаи қаблист. Ҳамчунин ба иттилоъи манбаъ, як пойи Мавлавӣ комилан аз кор мондааст.

Муҳаммадалии Файзмуҳамад ҳамроҳ бо 12 узви дигари Раёсати Олии ҲНИТ моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуда буд. Баъдан додгоҳ ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум кард, ки ҳоло наздик ба 8 солашро сипарӣ кардааст. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ ҳоло 65 сол дорад. 

Дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 1000 зиндонии сиёсӣ ба сар мебаранд, ки аксари кулли онҳо баъди сентябри соли 2015, яъне баста ва террористӣ эълон шудани ҲНИТ маҳкум шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular