Ширкати Голандии PAL-V худрави парвозкунандаеро истеҳсол намудааст, ки ин худрав метавонад ба ҳайси худрави заминӣ истифода шавад ва ҳам парвоз кунад. Ин худрав бо номи Liberty истеҳсол мешавад, ки дорои аввалин муҷаввизи сабукравҳои парвозкунандаи тиҷоратӣ мебошад.
Ин худрави парвозкунанда дорои се чарха ва ду муҳаррик буда, яке махсуси дар руи замин гаштан ва дигаре барои парвоз аст.
Суръати максималии ҳаракаташ дар фазо 180 км/ с буда дар руи замин 160км/с мебошад. Барои омодашавӣ ба парвоз аз 5 то 10 дақиқа вақт сарф мешавад. Барои шароити парвози ин худрав роҳи дарозиаш то 200 метр ва паҳноияш то 20 метр лозим аст. Ин худрав метавонад ба як парвоз то 500км роҳро дар баландии то 3500 метр тай намояд. Ғунҷоиши худрав барои ду нафар аст.
Истеҳсоли давраи нахусти Liberty 90 адад буда нисфи харидоронаш аз Иттиҳодияи Аврупо мебошанд, ки аллакай фармоиши онҳо ба наздикӣ ба иҷро мерасад ва ба соҳибонаш худрави парвозкунанда супорида мешавад.
Нархи навъи Sport Edition 400 ҳазор доллари амрикоӣ буда бо иловаи омузиши истифодабарӣ, насб кардани ҳавополо ва дигар заруриётҳо нархи ин сабукрав ба 600 ҳазор доллар мерасад.
Барои рондани ин худрави парвозкунанда лозим аст, ки шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳам иҷозатномаи халабонӣ дошта бошед.
Баъзе аз созмонҳои ҳуқуқиву амниятӣ то ба ҳол чигунагии таъмини бехатарии амниятӣ дар истифодаи ин навъи худравро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд, ки дар назар аст ба ин зудӣ шояд махсуси ин намуди худрав қонуне ба тасвиб бирасад.