Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет5 ҷудокори тоҷик ба Анталия мераванд

5 ҷудокори тоҷик ба Анталия мераванд

5 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи “Grand Slam” (Тоскулоҳи Бузург) оид ба ҷудо, ки пагоҳ, 31 март дар Анталияи Туркия оғоз шуда, то 2 апрел давом мекунад ширкат мекунанд. 

Тибқи иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар ин мусобиқа 617 варзишгар — 357 мард ва 260 зан аз 85 кишвар ширкат хоҳанд кард.

5 варзиiшгари тоҷик, ки қарор аст Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба Туркия фиристад иборатанд аз: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Шодмон Ризоев (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг).

Ин мусобиқа маъмулан дар 7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон баргузор мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, 31 март Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов, рӯзи 1 апрел — Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, 2 апрел — Ҷаҳонгир Маҷидов қувваозмоиро оғоз мекунанд.

Маблағи мукофтпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 4 ҳазор евро, зинаи дуюм — бо 2,4 ҳазор евро ва зинаи сеюм — бо 1,2 ҳазор еврогӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Мураббиёни онҳо мутаносибан 1000, 600 ва 300 евро мукофотпулӣ мегиранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular