Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетСел дар Суғд бедодгарӣ мекунад

Сел дар Суғд бедодгарӣ мекунад

Боришоти шадиди рӯзи гузашта дар Тоҷикистон сабаби омадани сел дар баъзе манотиқи кишвар ва дар натиҷа ворид шудани хисорот шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гшаҳрвандии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шоми 2 апрел бар асари боришоти борон маҳаллаи 3-юми кӯчаи Зуҳал, роҳи асосии маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд зери сел мондаанд.

Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови низ сел омадааст.

“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст», — хабар медиҳад КҲФ.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст.

Қисме аз роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ низ зери лойобаву сангреза мондааст.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд 2 мошини “Газел”-ро аз лойоба наҷот доданд.

Бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ аз лой тоза карда шудааст.

Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.

“Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, — омадааст дар иттилоъяи КҲФ.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?