Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАксари мардуми Суид хостори мамнуъияти сӯзондани Қуръони карим ҳастанд

Аксари мардуми Суид хостори мамнуъияти сӯзондани Қуръони карим ҳастанд

Тибқи назарсанҷии анҷом шуда дар Суид (Шветсия), аксарияти мардуми ин кишвари хостори мамнуъияти сӯзондани Қуръони карим ва дигар кутуби муқаддас ҳастанд. 

Тибқи назарсанҷии анҷом шуда тавассути маркази таҳқиқотии “Sifo” дар Суид, 51 дарсад мардуми ин кишвар хостори мамнуъияти сӯзондани Қуръони карим ва дигар кутуби муқаддас ҳастанд. 

Бар асоси ин назарсанҷӣ, мизони касоне, ки аз оташ задани кутуби муқаддас дар чорчӯби озодии баён ҳимоят мекунанд 34 дарсад буд. 

Маркази таҳқиқотии “Sifo” эълом кард, ки ин назарсанҷӣ бар асоси мусоҳиба бо 1370 нафар ба сурати тасодуфӣ дар рӯзҳои 14 то 16 март таҳия шудааст. 

Сӯзондани Қуръони карим тавассути Расимос Палудон, раҳбари ҳизби рости ифротии Дания барои Суид 88 миллион крон ҳазина дошт. 

Бисёре аз кишварҳои исломӣ иқдоми таҳрикомези ин сиёсатмадор ва рӯйкарди давлати Суид нисбат ба тавҳин ба муқаддасот ба баҳонаи озодии баёнро маҳкум кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular