Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧанд кишвари узви ОПЕК тавлиди нафти худро коҳиш медиҳанд

Чанд кишвари узви ОПЕК тавлиди нафти худро коҳиш медиҳанд

Пас аз Русия бархе аз кишварҳои узви ОПЕК эълом карданд, ки тавлиди нафти худро коҳиш медиҳанд. Гуфта шуд, ки ин тасмим барои суботи қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ гирифта шудааст. 

Рӯзи якшанбе, дувуми апрел Алҷазоир, Аморот, Ироқ, Арабистони саудӣ, Уммон ва Қувейт эълом карданд, ки тавлиди нафти худро дар маҷмӯъ ба мизони як миллиону 71 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш медиҳанд. 

Як мақоми вазорати энергии Арабистон гуфт, ин кишвар аз моҳи май то поёни соли 2023 ба таври довталабона тавлиди нафти хоми худро дар ҳамоҳангӣ бо чанд кишвари дигар ба мизони 500 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш медиҳад. 

Ба гуфтаи ин манбаъи хабарӣ, ин як иқдоми пешгирона барои ҳимоят аз суботи бозорҳои нафт аст. 

Суҳайл Ал-Амазравъӣ, вазири энержӣ ва зерсохти Аморот низ изҳор дошт, кишвараш аз моҳи май то поёни соли ҷорӣ тавлиди нафти худро довталабона ба мизони рӯзона 144 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш хоҳад дод. 

Русия дар моҳи феврал аз коҳиши тавлиди нафти худ ба мизони 500 ҳазор бушка дар рӯз хабар дода буд. 

Рӯзи якшанбе бо вуҷуди интишори ин хабар, қимати нафти шохиси брент танҳо 1.64 дарсад афзоиш ёфт.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular