Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКҲФ аз эҳтимоли селу обхезӣ ҳушдор дод

КҲФ аз эҳтимоли селу обхезӣ ҳушдор дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба додаҳои Агентии обуҳавошиносӣ эълон кардааст, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.

Кумита огоҳ мекунад, ки бар асари боришоти шадид метавонанд ин гуна ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух диҳанд:

— эҳтимоли афзудани шумори садамаҳо дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо, маҳдуд шудани ҳаракати мошинҳо бар асари хатари селҳо дар роҳҳои мошингард;

— дар сурати вайрон шудани системаи захбурҳо, ҷӯйҳо ва каналҳо аз серборишӣ зери об мондани эҳтимолии маҳалҳои аҳолинишин;

—эҳтимоли зери об мондани қисмате аз роҳҳо, болоравии сатҳи об дар дарёчаҳо ва берун шудани он аз маҷро ва ҷорӣ гаштанаш дар роҳҳо, ки метавонад сабаби зери об шудани майдонҳои кишти сари роҳ гардад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular