Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоШаҳрдори пойтахт роҳи ширкатҳои чиниро ҳамвортар кард

Шаҳрдори пойтахт роҳи ширкатҳои чиниро ҳамвортар кард

Шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳи «ғасб»-и бозори сохтмониро аз сӯи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ҳамвортар кард. Бино ба иттилои «Озодӣ», яке аз ширкатҳои сохтмонии машҳури Чин бо номи «Zhejiang Asia Building Decoration Ltd» 67% саҳмияҳои як ширкати хурди сохтмонии Тоҷикистонро бо номи «Tajikistan Asia Construction Ltd» харидорӣ кардааст.

Ин ширкати Чин, ки ба сохтмони меҳмонхонаҳо ва муҷтамаъҳои маскунӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ маъруф аст, бо харидории саҳмияҳои ин ширкати сохтмонии каснамешинохт дар Тоҷикистон ҳудуди 170 миллион доллари ИМА сармоя ворид кардан мехоҳад.

Ширкати сохтмонии «Tajikistan Asia Construction Ltd»-ии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 сабти ном шудаасту то ҳол расман ягон барномаи сохтмониеро ба анҷом нарасонидааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки вуруди ширкатҳои бузурги хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои сохтмонии Чин ба бозори сохтмонии Тоҷикистон наметавонанд бидуни ёфтани пуштибонони қаввие аз афроди Оила муҳол аст ва инчунин оғози фаъолияти онҳо ба маҳдуд гардидани фаъолияти ширкатҳои сохтмонии ватанӣ меанҷомад.

Ҳолдонҳо мегӯяд, ин ширкати сохтмонии касношиноси Тоҷикистон яке аз ширкатҳои навтаъсиси наздикони Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори ҷадиди Душанбе аст, ки тавонистааст дар як муддати кӯтоҳ ҳамроҳ бо ин ширкати чинӣ якҷо шавад ва тарҳҳои бузургеро дар мисоли сохтмони бинои «Театри миллӣ» дар маркази пойтахт соҳиб шаванд.

Ин ширкати чинӣ эълом кардааст, ки омодааст дар кори сохтмони Театри Миллӣ ҳудуди 100 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Ширкати «Zhejiang Asia Building Decoration Ltd»-и Чин замоне бо ин ҷиддият ва сармояи бузург дар ҳоле вориди бозори сохтмонии Тоҷикистон шудааст, ки ахиран аксар ширкатҳои хориҷӣ аз пардохти молиёти зиёд шикоят карда, қисме аз онҳо ҳам қасди тарк кардани бозори Тоҷикистонро доранд.

Аз ҷониби дигар то замоне, ки ҷаноби Маҳмасаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе дар вазифа буд, ҳаддал имкон талош мекард, ки фаъолияти ширкатҳои сохтмонии Чинро дар бозори сохтмонии пойтахт дар доираҳои маҳдуд нигаҳ бидорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то 1-уми январи соли ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 300 миилион доллари ИМР-ро ташкил медод ва саҳми Чин аз ин ҳисоб наздик ба 50 дарсади онро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Чин яке аз шарикинои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта то кунун ширкатҳои чинӣ беш аз ду миллиард доллар дар иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика