Раисҷумҳури собиқи Амрико дар миёни анбӯҳи маъмурони пулис ва дар ҳоле, ки мухолифон ва мувофиқони ӯ шиор медоданд вориди додгоҳ шуд. Ў гуфт барояш қобили тасаввур нест, ки додгоҳе дар Амрико ӯро боздошт мекунад. Қозӣ ҳукми боздошти Трампро содир кард.
Субҳи рӯзи сешанбе, 4 апрел ба вақти Ню-йорк дар ҳоле, ки шумори зиёде аз маъмурони пулис дар баробари додситонии Манхэттен ҳузур доштанд, Доналд Трамп бидуни ин ки дастбанд ба ӯ зада бошанд, вориди сохтимони ин додситонӣ шуд.
Қарор буд аз Трамп асари ангушт гирифта шавад, аммо то лаҳзаи охир дар бораи тасвирбардорӣ аз ӯ, ки дар мавриди ҳамаи муттаҳамон ҷорӣ мешавад, шубҳа вуҷуд дошт.
Трамп дар ҳоле вориди додситонӣ шуд, ки тарафдоронаш дар хориҷ аз бино таҷаммӯъ карда буданд.
Ӯ пеш аз ин ҳар гуна иттиҳомеро рад карда ва дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” навишта буд, қозӣ Мерчан, ки қарор аст ӯро муҳокима кунад, “аз ӯ мутанаффир аст”.
Платформи “Truth Social” ҷойгузине аст барои Трамп, ки ӯ пас аз ғайри фаъол шудани акаунти твиттериаш акнун дар он ҷо менависад. Трамп худ аз ҳаводоронаш хоста буд то пеш аз баргузории ҷаласаи додгоҳ, эътирози худро нишон диҳанд.
Доналд Трамп нахустин раисҷумҳури собиқи Иёлоти муттаҳидааст, ки бо иттиҳомоти ҷиноӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Гуфта мешавад, каме пеш аз пирӯзии ӯ ба унвони раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар соли 2016, Трамп ба як ситораи филмҳои порно ба номи Сторми Дэниэлс ҳаққул сукут пардохт кардааст.
Дэниэлс иддао карда, ки Трамп дар соли 2006 бо ӯ робитаи ҷинсӣ доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки дар он замон Трамп бо Меллания, ҳамсари кунунии худ издивоҷ карда буд ва писари онҳо дар он таърих ба тозагӣ ба дунё омада буд.
Трамп ба рағми такзиби робитаи ҷинсӣ бо Сторми Дэниэлс, пардохти пул ба ӯро инкор намекунад. Ин пардохт ба худи худ ғайриқонунӣ нест. Бо ин ҳол Трамп аз ҷумлаи муттаҳам ба дасткории асноди тиҷорӣ аст.
Эҳтимол меравад, ки ӯ қонуни марбут ба таъмини молии муборизаҳои интихоботиро ҳам нақз карда бошад. Трамп худро бегуноҳ медонад ва аз ин иттиҳомот ба унвони “парвандасозӣ” ёд кардааст.
Аммо Хуан Мануэл Мерчан, қозии додгоҳи Манхэттен, ки дувоздаҳ сол собиқаи қазоват дар ин курсиро дорад, бар хилофи он чи Трап иддао мекард, дар ҳамон дақоиқ ибтидои ҳузури ӯ дар дафтари додситонӣ, ҳукми боздошти ӯро содир кард.
Трамп дар масири додгоҳ эълом кард: “хеле ҷолиб ба назар мерасад. Наметавон бовар кард, ки ин иттифоқ дар Амрико рух медиҳад.”
Трампи 76 сола ҳамчунин мехоҳад дар интихоботи риёсатҷумҳури соли 2024 низ номзад шавад.
Бархе нозирон бар ин боваранд, ки раисҷумҳури собиқи Иёлоти муттаҳида талош мекунад аз ин додгоҳ ба манзури муаррифии худ ба унвони қурбонии системи қазоии сиёсӣ ва басиҷи ҳаводоронаш истифода кунад.
Аз сӯи дигар ҷузъиёти парванда алайҳи Трамп метавонад салоҳияти ӯ ба унвони номзади мақоми риёсатҷумҳуриро зери суол бубарад.
Раисҷумҳури собиқи Амрико пас аз муддати кӯтоҳе ва шунидани иттиҳомоти худ, сохтмони додгоҳро тарк кард. Бино бар бархе гузоришҳо, ӯ дар ҷаласаи додгоҳ 34 мавриди иттиҳом дар бораи дасткории асноди молӣ барои пардохти ҳаққи сукут ба Сторми Дэниэлро рад кард.