Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДу раҳбари аврупоӣ ба Пекин мераванд. Оё метавонанд Си Ҷинпинро мутақоид кунанд?

Ду раҳбари аврупоӣ ба Пекин мераванд. Оё метавонанд Си Ҷинпинро мутақоид кунанд?

Ба думболи эъломи сафари Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссиюни Аврупо ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ба Пекин барои баррасии нави равобити дипломатик ва иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо бо Чин, ҳоло ҳамаи нигоҳҳо ба ин сафари муштарак аст. 

Қарор аст рӯзи панҷшанбе хонум фан дер Ляйен дар ҳошияи сафари расмии раҳбари Фаронса ба Пекин дар канори Макрон бо Си Ҷинпайн раисҷумҳури Чин дидори се ҷониба дошта бошад. 

Яке аз масъулони дафтар, ки нахост номаш фош шавад, ба хабарнигорон гуфтааст: “Чин танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки метавонад таъсири фаврӣ бар даргириҳо дошта бошад”. Ба гуфтаи ин мақом, Макрон қасд дорад дар бораи Укроин низ бо Си Ҷинпин раисҷумҳури Чин сӯҳбат кунад. 

Ҳифз ва ба эътидор овардани дубораи равобити тиҷории Чин бо Аврупо ва ҳамчунин ҳифозат аз манофеъи Фаронса дар минтақаи Осиёи Уқёнусия, ҷое, ки Париж худро ба далели қаламравҳои хориҷӣ ва истиқрори нерӯи низомӣ ба унвони яке аз бозигарони он медонад яке аз ҳадафҳои раҳбари Фаронса аз ин сафар аст. 

Илова бар ин Макрон ҳамроҳ бо хонум Фон дер Ляйен қасд дорад дар бораи равобити Аврупо бо Чин низ гуфтугӯ кунад. 

Хонум Фон дер Ляйен ахиран дар бораи баррасии дубораи равобити дипломатик ва иқтисоди Иттиҳодияи Аврупо бо Чин ҳарф зада буд, бинобарин интизор меравад, ки раҳбарони аврупоӣ бо раҳбарони Чин дар бораи равобити тиҷорӣ, аз ҷумла дастрасӣ ба бозор ва шеваҳои рақобати одилона гуфтугӯ кунанд. 

Чин ва Иттиҳодияи Аврупо ба вижа дар заминаи “фановариҳои дақиқ” ба ҳам вобаста ҳастанд, аммо ин бад-ин маънӣ нест, ки Пекин дар ин робита дасти болоро дорад, зеро Чин ҳамчунон ба унвони содиркунандаи бузурги чунин фановариҳо ба бозори бузурги Аврупо барои ироаи маҳсулоти худ ниёз дорад. 

Дар соли 2022 Чин севумин содиркунандаи бузург ба Иттиҳодияи Аврупо ва бузургтарин воридкунандаи колоҳои аврупоӣ буд. Бо ин вуҷуд, Иттиҳодияи Аврупо Пекинро ба истифода аз “тактикаҳои зӯргирона” барои тарсондани кишварҳои кӯчактар барои ҷилавгирӣ аз интиқоди онҳо аз сиёсатҳои Чин муттаҳам кардааст. 

Алисия Бачулска яке аз коршиносон дар Шӯрои равобити хориҷии Аврупо (ECFR) дар бораи ин сафар ба Еврониюз гуфтааст раисҷумҳури Чин аз сафари мақомоти аршади аврупоӣ истифода хоҳад кард то Иттиҳодияи Аврупоро ба одисозии равобити тиҷорӣ бо Пекин мутақоид кунад. 

Хонум Бачулска гуфт: “мо бузургтарин бозигарон монанди Олмону Фаронса ва маҳофили тиҷорӣ дар ин ду кишварро дорем, ки манофеъи бисёр густурдае аз назари бозгашт ба тиҷорати гузашта доранд. Ҳузури Макрон ба Пекин нишон хоҳад дод, ки Фаронса ва Аврупо ба ҳамкории иқтисодӣ бо Пекин алоқаманд ҳастанд.” 

Аз сӯи дигар Макрон мехоҳад Чинро аз наздиктар шудан ба Русия боз дорад, аммо бархе таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки моҳияти равобит байни Пекину Маскав бисёр стратегӣ аст, фазои зиёде барои манёвр вуҷуд надорад. 

Антуан Бундаз, мударриси аршади мадрасаи олии улуми сиёсии Париж, ба Евронюз гуфтааст, ки он чи раисҷумҳури Фаронса ва раиси Комиссиюни Аврупо метавонанд анҷом диҳанд ҳушдор додан ба Чин дар мавриди авоқиби эҳтимолӣ дар сурати ҳимояти низомии бештар аз Русия аст. 

Ба гуфтаи ин коршинос “раисҷумҳури Фаронса бояд аз аҳроми фишори маҳдуде, ки бар Си Ҷинпин дорад огоҳ бошад. Ҳатто агар Фаронса узви доимии Шӯрои амнияти Созмони милал бошад Фаронса, дар муқоиса бо Чин имрӯз як кишвари сабуквазнтар аст.” 

Ӯ таъкид кард “равобит бисёр маҳдуд аст ва Макрон наметавонд Си Ҷинпинро дар мавриди ҳарчи мехоҳад, мутақоид кунад. Хуб аст, ки талош кунем ва албатта хуб аст, ки каналҳои иртиботеро боз бигузорем, аммо бояд воқеъбин бошем.” 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular