Ҳамлаҳои сайберӣ веб-сайтҳои давлатӣ дар чандин иёлати Олмонро аз дастрасӣ хориҷ кард. Веб-сайт полиси Нидерзаксен низ мавриди ҳамлаи сайберӣ қарор гирифтааст. Як гурӯҳи сайберии Русия масъулият онро ба ӯҳда гирифт.
Веб-сайтҳои чандин ниҳоди расмии маҳаллӣ дар ду иёлати Заксен Анхолт ва Мекленбург-Форпоммерн ва ҳамчунин веб-сайти полиис Нидерзаксен рӯзи сешанбе, чаҳоруми апрел ба далели ҳамлаи сайберии густурда дар дастрас набуданд.
Як сухангӯи давлати иёлати Нидерзаксен дар гуфтугӯ бо хабаргузории Олмон бо таъйиди ин ҳамлаҳои ҳакерӣ, изҳор доштасст, ки веб-сайтҳои дигар мақомоти маҳаллӣ ва полис дасти кам то субҳи чаҳоршанбе, 5 апрел қобили дастрасӣ набудаанд.
Соате пас аз ин ҳамлаи ҳакериии густурда, як гурӯҳи сайберии русӣ масъулияти онро ба ӯҳда гирифт.
Камтар аз як ҳафта пеш як ифшогари рус эълон карда буд, ки хадамоти махфии Русия дар ҳоли барномарезии амалиёти ҳакерӣ дар саросари ҷаҳон ба кумаки як ширкати фанноварӣ дар Москва ба номи НТС Вулкан ҳастанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

