Артиши Исроил аз оғози даври ҷадиди ҳамлаҳо ба навори Ғазза хабар дод.
Дафтари сухангӯи артиши Исроил бо интишори баёнияе эълом кард, ки даври ҷадиди ҳамалот ба навори Ғазза оғоз шудааст.
Ҳамакнун ҳавопаймоҳои артиши Исроил дар ҳоли бомбаборони бархе аҳдоф дар навори Ғазза ҳастанд. Фармондеҳи артиши Исроил барои Ғазза ва манотиқи атрофи он вазъияти омадубош эълом кардааст.
Ду туннел дар манотиқи Хони Юнус ва Байти Ҳонуни Ғазза, ки пештар дар соли 2021 тавассути Исроил бомбаборон шуда буданд, имшаб низ ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои артиши ин кишвар қарор гирифтанд.
Артиши Исроил аз бомбаборони ду анбори муҳиммоти мутааллиқ ба Ҳамос дар марказ ва шимоли навори Ғазза хабар додааст. Гузоришҳо ҳокӣ аз вуқӯъи инфиҷорҳои шадид дар манотиқи мазкур аст.
Ҳанӯз гузорише аз талафоти инсонӣ ношӣ аз ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза мунташир нашудааст.
Гуфтанист, шомгоҳи чаҳоршанбе ва барои дувумин шаби пайдарпай, пулиси Исроил ба намозхонаи ал-Қибла дар Масҷид-ул-Ақсо дар Қудси шарқии ишғолӣ юриш бурд ва намозгузоронро мавриди ҳамла қарор дод.
Аз сӯи дигар аввали рӯзи панҷшанбе, давлати Исроил эълом кард, ки 34 мушаки шилликшуда аз Лубнон ба самти Ғарби минтақаи ал-Ҷалил (шимол)-ро шиносоӣ кардааст. Бештар мушакҳои шилликшуда аз Лубнон аз муделҳои “Катюша” ва град будааст.
Таҳаввулоти суратгирифта боиси афзоиши камсобиқаи таниш дар минтақа шуда ва артиши Исроил ҳамалоти зиёде ба навори Ғазза тартиб додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

