Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон 5 медал — 1 тилло ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали тиллоро дар ин сабқат Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг байни ҷавонон ба даст овард. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Варзишгари дигари тоҷик байни ҷавонон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст овард. Се медали дигари биринҷиро паҳлавонони тоҷик аз байни наврасон ба даст оварданд: Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -55кг, Ворис Назаров дар вазни -66кг ва Аминҷон Абдуллозода дар вазни -73кг.
Дар мусобиқа байни наврасон 381 варзишгар (239 писар, 142 духтар) аз 10 давлат, байни ҷавонон 299 варзишгар (208 писар, 91 духтар) аз 10 давлат иштирок доштанд.
Варзишгарони моро дар ин сафар мураббиён Давид Габаидзе ва Абдулло Норов ҳамроҳӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар моҳҳои оянда марҳилаи омодагии дастаи наврасону ҷавонони мамлакат ба Қаҳрамонии ҷаҳон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон 23-26 август дар шаҳри Загреби Хорватия ва байни ҷавонон 4-7 октябр дар шаҳри Коимбраи Португалия ба нақша гирифта шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

