Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФоссум: таҳрими ҳадафмандони мақомоти тоҷик усули боаҳамиятест

Фоссум: таҳрими ҳадафмандони мақомоти тоҷик усули боаҳамиятест

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи норвежии Хелсинки дар Осиёи Марказӣ, ки пешниҳод кардааст алайҳи мансабдорони Тоҷикистон таҳримҳои ҳадафмандона ҷорӣ карда шавад, мегӯяд ин гуна таҳримҳо “дар мубориза барои ҳуқуқи инсон ва алайҳи беқонунӣ дар Тоҷикистон усули боаҳамияте хоҳад буд”.

Қаблан ӯ дар “Твиттер” мансабдорони тоҷикро ба тамасхури адолат ва волоияти қонун муттаҳам карда навишта буд “мақомоти Тоҷикистон адолат ва волоияти қонунро тамасхур мекунанд, бинобар ин механизми байналмиллалие ба мисли таҳрими ҳадафмандона зарур аст, то дастандаркорон посухгӯ бошанд”.

Дар ҳамин ҳол, Мариус Фоссум дар суҳбат бо “Паём” дар робита ба шарҳи ин эъломаш гуфт, феҳрасти ҷиноёти Ҳукумати Тоҷикистон бисёр тӯлонӣ аст ва дар ду соли ахир садҳо мухолифи сиёсӣ, ҳамчунин рӯзноманигорону вакилони дифоъ зиндонӣ шуданд. Ба қавли ӯ, мавориди рабудани афрод ва эъдомҳои ғайриқонунӣ — кушта шудани онҳо низ будаанд. 

Вай мегӯяд, шиканҷа дар боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон як амри маъмулисту озодии сухан дар ин кишвар аз байн бурда шудааст. Аммо ин мудофеи ҳуқуқи инсон дар Аврупо афзуд, барои ҳич яке аз ин ҷиноёт мақомоти Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд ва бинобар ин онҳо метавонанд ба хашинтарин ҷиноят даст зананд, зеро медонанд, ки барои ин ҷиноят касе онҳоро муҷозот нахоҳад кард. 

Ӯ мегӯяд: “Пайдост, ки созукори дохилӣ дар шароите роҳандозӣ нашудааст, то онҳое, ки муртакиби хашинтарин ҷиноят шудаанд, муҷозот шаванд. Мутаассифона, аз ин бармеояд,  ки сохтори додгоҳии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҳокимият идора мешавад, аз ин рӯ мешавад, ки ба созукорҳои байналмилалӣ рӯ овард. Фақат таҳрим метавонад ба ҳадде афроди дастандаркор дар шиканҷаи зиндониёни сиёсиро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад”. 

Ҷаноби Фоссум афзуд, мусаллам аст, ки мақомоти фасодзадаи тоҷик дуздӣ ва пули мардумро аз худ мекунанд ва дар бештаре аз маворид сӯистифода аз қудрат барои манофеи молӣ аст, дар ҳоле ки мақомоти фасодзадаи Тоҷикистон на танҳо аз баҳраи гирифтаашон дар кишвар истифода мекунанд, балки бо истифода аз он дар Ню-Йорку Аврупо сайругашт, дар донишгоҳҳои маъруфи Аврупо таҳсили илм, дороии худро дар ҳисобҳои оффшорӣ ҳифз ва дар милкҳои Аврупо сармоягузорӣ мекунанд. Дар чунин ҳол, ба назари ӯ, қавонини амрикоӣ ва аврупоии марбут ба таҳрим Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро имкон медиҳанд, ки дороии афроди дахил дар нақзи фоҳиши ҳуқуқи инсон боздошт ва ҳамчунин онҳо мамнуъулвуруд ба ин сарзаминҳо шаванд.  

Ӯ дар поёни суҳбаташ гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама ман ба ин назарам, ки таҳримҳои ҳадафманд, агар ба сурати ҷиддӣ эълон шаванд, дар мубориза барои ҳуқуқи инсон ва алайҳи беқонунӣ дар Тоҷикистон усули камаҳамияте нахоҳад буд”. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки мухолифини тоҷик дар Аврупо низ талош мекунанд, то кишварҳои аврупоӣ иддае аз мақомоти тоҷикро, ки дар боздошту шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон даст доранд, таҳрим намоянд. 

Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, як қаноти ПМТ мегӯяд Паймони миллии Тоҷикистон аз соли 2018 шурӯъ ба даъвати таҳрими ҳадафмандонаи мақомоти баландпояи Тоҷикистон кардааст ва рӯйхати комилеро ба Департаменти давлатии Амрикову Иттиҳодияи Аврупо пешкаш намудааст. 

Ӯ мегӯяд кӯшиши ПМТ ва ҳамкории он бо созмонҳои байналмиллалу мақомоти кишварҳои ғарбӣ буд, ки имрӯз Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико гузоришҳои воқеъиро дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон ба ҷомеъаи байналмилал пешниҳрд мекунад.  

Ёқубов гуфт эътилофи мухолифин ба кӯшишҳояш дар ҷорисозии таҳримҳо алайҳи мансабдорони тоҷик то замоне идома хоҳад дод, ин таҳримҳо роҳандозӣ шаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular