Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИхтилоф дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Ихтилоф дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Як манбаъи наздик ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” , ки нахост номаш фош шавад, дар гуфтугӯ бо Би би си-и форсӣ парда аз ногуфтаҳое дар бораи амалкарди раҳбарии ин ҷабҳаи зидди Толибон бардоштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, “инҳисори қудрат тавассути хонаводаи Аҳмад Масъуд” аз як тараф ва “фасод” аз сӯи дигар муддатҳост, ки Ҷабҳаи муқоваматро бо “хатари фурӯпошӣ” рӯ ба рӯ кардааст. 

Ду рӯзи пеш, Сабғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи пешини ин ҷабҳа низ дар эътироз ба он чи “инҳисоргароӣ” дар он мехонад, аз симаташ канорагирӣ кард. 

Аҳмадӣ дар твитте навишт “инҳисор падидаи зиште аст, фарқ намекунад он инҳисор ранги Толибони дорад ё ғайр”. Аммо ӯ тавзеҳи бештар надода, ки манзураш аз инҳисор чист. 

Сабғатуллоҳ Аҳмадӣ гуфта буд, ки ӯ “ба хотири расидан ба озодӣ ва аҳдофи мардуми ҳавзаи зиддитолибонӣ талош карда ва умедвор аст битавонад аз ин ба баъд низ дар ин росто таъсир гузор бошад”. 

Сабғатуллоҳ Аҳмадӣ, аз авоили эҷоди Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба ин ҷабҳа пайваст ва дар якуним соли гузашта ба унвони сухангӯи ин ҷабҳа фаъолият мекард.

Аҳмадӣ мутаваллиди вулусволии Хонободи вилояти Кундуз дар шимоли Афғонистон аст. Ў фарзанди Қорӣ Раҳматуллоҳ, аз фармондеҳони саршиноси Ҳизби ҷамъияти исломӣ аст. Пештар ӯ ба унвони сухангӯи вазорати хориҷа дар давлати пешин низ кор карда буд. 

Истеъфои Аҳмадӣ, ки аз наздикони Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ буд, нишондиҳандаи ихтилофоти ҷиддӣ дар байни аъзои ин ҷабҳа аст. 

Ҳалқаи қудрат дар Ҷабҳаи муқовамат 

Аммо ин манбаъи наздик ба Ҷабҳаи муқовамат мегӯяд ду ҳалқаи қудрат дар ҷабҳа тасмимгириҳои аслиро анҷом медиҳанд. Ба гуфта ӯ ҳалқа кӯчактар фақат хонаводаи Аҳмад Масъуд аз ҷумла амак ва доиҳои ӯ ҳастанд, ки “дар бораи масоили муҳими молӣ ҳарфи аввалу охирро мезананд” ва ҳалқа бузургтар, ки умдатан панҷшериҳо ҳастанд, дар бора масоили низомӣ ва дигар мавзӯъоти муҳим тасмим мегиранд. 

Ин манбаъ аз Аҳмад Масъуд, Умаруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Атиқуллоҳ Барёлӣ, Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ, Ҳусайн Саид ва Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид ба унвони аъзои калидии ин ҷабҳа ном мебарад. Ин манбаъ мегӯяд аъзое, ки мутааллиқ ба вилояти Панҷшер нестанд, мисли Қадамшоҳ Шаҳим дар бештари маворид дар тасмимгириҳо нақш надоранд ва аз ҳалқаи асли дур нигаҳ дошта мешаванд. 

Аммо Алӣ Мисам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовамат дар сӯҳбат бо ВВС мегӯяд ин иттиҳомот беасос аст. Ба гуфтаи Назарӣ “Ҷабҳа дар инҳисори ҳеҷ хонавода ё вилояти хоссе қарор надорад. Ба ғайр аз омир соҳиб Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, ки зодгоҳаш Тахор аст ва хонаводааш мутааллиқ ба Панҷшер мебошад, ҳеҷ як аз масъулини кумитаҳо ва бахшҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аз Панҷшер нестанд ва аз ақвому мазоҳиби гуногун ҳастанд». 

Ӯ бо ироаи феҳристе аз аъзои ин ҷабҳа мегӯяд, ки “гуногунии қавмӣ, мазҳабӣ ва минтақаӣ комилан дар назар гирифта шудааст”. Оқои Назарӣ ба ВВС гуфта, ки “масъули кумитаи низомии мо аз Бадахшон, масъули кумитаи сиёсӣ аз Кобул, масъули кумитаи шуҳадо аз Андароб, масъули бахши равобити хориҷӣ аз Қизилбош, масъули бахши бонувон аз Лугар, масъули бахши молӣ аз Тахор, масъули бахши фарҳангӣ аз қавми ҳазора, масъули инсиҷоми дохилӣ аз Балх аст”. 

Аммо як узви аршади дигари Ҷабҳаи муқовамат, ки нахост номаш фош шавад таъкид кард, ки мушкилот ва бесарусомонӣ дар ҷабҳа вуҷуд дорад, ки ин амр боиси эҷоди беэътимодӣ шудааст. Аммо ин узви аршади Ҷабҳаи муқовамат мегӯяд, ки баъзе мушкилот дар як созмони тозатаъсис бо даҳҳо чолиши дохилӣ ва хориҷӣ “як амри табиӣ” аст. 

“Ба зудӣ тағйироти асосиро эълом мекунем” 

Як рӯз баъд аз истеъфоии Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, Абдулҳафиз Мансур, аз аъзои шинохташудаи дигар ин ҷабҳа дар твитте навишт, ки ба зудӣ “тағйироти асосӣ” дар ин ҷабҳа эълом хоҳад шуд. Оқои Мансур гуфта, ки “ҷамъе аз коршиносон аз як моҳ бад-ин су рӯйи таъйиноти ҷадид кор намудаанд, ки натиҷаи пешниҳодашон ба раҳбари ҷабҳа супурда шудааст». 

Дар твитти оқои Мансур омада, ки “тағйироти асосӣ дар Ҷабҳа муқовамати миллӣ дар назар гирифта шуда, ки метавонад авзоъро мутаҳаввил созад”. 

Муҳаммад Эзидёр, яке дигар аз аъзои аршади Ҷабҳаи муқовамати миллӣ, ба ВВС гуфт, ки тағйироте зиёде дар ҷабҳа ба вуҷуд омада ва қарор аст дар ҳафтаҳои оянда Шӯрои машваратӣ ва Шӯрои олӣ ҳам шурӯъ ба фаъолият кунад. 

Яке дигар аз мушкилоте, ки манбаъи огоҳ аз ин ҷабҳа ба он ишора кард “фасод лаҷом гусехта” аст ва мегӯяд, ки “садҳо ҳазор доллар аз кумакҳои молии се кишвари Ҳинд, Эрон ва Русия ба ҷабҳа талаву тороҷ мешавад”. Аммо Алӣ Мисам Назарӣ вуҷудӣ фасодро ҳам рад мекунад ва мегӯяд “ин иттилоот дурӯғ ва ғалат аст”. 

Пеш аз Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ чанд нафари дигар ҳам Ҷабҳаи муқоваматро тарк карданд аз ҷумла Алӣ Аҳмад Усмонӣ вазири энержӣ ва об дар давлати пешини Афғонистон. Усмонӣ раиси дафтари сиёсии Ҷабҳаи муқовамат буд ва гуфта мешавад ба далели норизоиятҳои мушобеҳ аз мақомаш истеъфо дод. 

Ҷабҳаи муқовамати милли “ҳеҷ нерӯи фаъоли ҷангӣ дар дохил Афғонистон надорад”

Манбаъ мегӯяд дар ҳоли ҳозир Ҷабҳаи муқовамат ҳеҷ нерӯи фаъоли ҷангӣ дар дохили Афғонистон надорад. Ба гуфтаи ӯ ду ё се гурӯҳ аз низомиёни ин ҷабҳа, ки дар Андароб фаъол буданд ба “Ҷабҳаи озодӣ” пайвастаанд. Ҷабҳаи озодӣ аз дигар ташаккулҳои зидди Толибон аст, ки дар манотиқи мухталифи Афғонистон ҳамалотеро алайҳи Толибон созмондеҳӣ кардааст. 

Масъул равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовамати миллӣ аммо ба ВВС гуфт неруҳои ҷабҳа дар замистон фаъолияти низомиро мутаваққиф мекунанд то барои амалиёти баҳорӣ ва тобистонӣ омода шаванд. Мисам Назарӣ мегӯяд “нахустин амалиёти баҳории ҷабҳа ду ҳафта пеш дар шаҳри Кобул сурат гирифт ва дар ҳафтаҳои оянда дар вилоятҳои зиёде идома хоҳад дошт”. 

Ҳанӯз ҳеҷ манбаъи мустақиле дар бораи сиҳати иддаои ҳамлаи ду ҳафта пеши Ҷабҳаи муқовамат дар минтақаи Пули Чархии Кобул чизе нагуфтаанд. Толибон ҳам дар ин бора изҳори назаре накардааст. 

Иттиҳомоти “инҳисоргароӣ ва фасод” дар Ҷабҳаи муқовамати миллӣ пеш аз ин ҳам аз сӯи Ато Муҳаммад Нур, волии пешини Балх ва аз раҳбарони Ҳизби ҷамъияти исломӣ матраҳ шуда буд. Ато Нур борҳо аз Ҷабҳаи муқовамат ба тундӣ интиқод карда ва тавонои низомии онро зер савол бурдааст. Ў гуфта буд, ки ҷанги ҷабҳа бештар “ҷанги фейсбукӣ” аст. 

Ҷабҳаи муқовамати миллӣ яке аз ҷиноҳҳои аслии зиддитолибон дар Афғонистон ба ҳисоб меояд. Аммо изҳороти сухангӯи пешини ин ҷабҳа ва иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи манобее, ки бо ВВС сӯҳбат кардаанд, ба обрӯи ин ҷабҳа осеб задааст. Ба гуфтаи нозирон агар ин иттиҳомот дуруст бошад, оянда Ҷабҳаи муқовамати миллб ҳам бо хатари бисёр ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

ВВС

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular