Sunday, March 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЛула дар Чин. Гоми дигаре дар қутббандиҳои ҷаҳонӣ?

Лула дар Чин. Гоми дигаре дар қутббандиҳои ҷаҳонӣ?

Сафари панҷрӯзаи раисҷумҳури Бразилия ба Чин дубора баҳси баромади эҳтимолии БРИКС дар баробари Гурӯҳи 7-ро тақвият кардааст. Бо ин ҳама, ангезаҳо ва манофеъи панҷ кишвари узви БРИКС ба рағми фосилаашон бо Ғарб дар ҷанги Укроин, якдаст нест. 

Лула де Силва, раисҷумҳур Бразилия, рӯзи сешанбе, 11 апрел, барои як дидори расмии панҷрӯза озими Чин шуд. Ҳафт вазир, раиси Сено ва низ ҳайати 200 нафара аз соҳибону мудирони саноеъ ва бахши тиҷорӣ, Луларо дар ин сафар ҳамроҳӣ карданд. 

Ҳам Чин ва ҳам Бразилия узви Гурӯҳи 20 кишвари асосии санъатии дунё ҳастанд. Чин бузургтарин тарафи тиҷорӣ дар Амрикои ҷанубӣ ва яке аз бузургтарин сармоягузорони ҷаҳонӣ дар ин минтақа аст. 

Бразилия ва Чин ҳамчунин аз аъзои панҷгонаи кишварҳои дар ҳоли санъатӣ шудан, мавсум ба БРИКС ҳастанд, маҷмӯае, ки аз он ба унвони қутбе дар муқобили J-7 ё Гурӯҳи 7 муташаккил аз 7 кишвари умдаи санъатии Ғарб ёд мешавад. Ҳинд, Русия ва Африқои ҷанубӣ се узви дигари БРИКС ҳастанд. 

Сафари Лула ба Чин ва муомилоти ҷадид дар сатҳи байналмилалӣ, ки пас аз ҷанги Укроин шакл гирифта, беш аз пеш баҳс дар бораи вазну аҳамияти БРИКС-ро доман задааст. 

Дар солҳои миёнии даҳаи гузашта истилоҳи БРИК (муташаккил аз ҳуруфи аввали чаҳор кишвар Бразилия, Русия, Ҳинд ва Чин) дар манобеъ ва маҳофили иқтисодӣ бар сари забонҳо афтод. Ҳар чаҳор кишвар дорои рушди иқтисодии болое буданд ва гароишҳое ба ҳамкории бештар бо якдигар нишон медоданд. 

Ин чаҳор кишвар баъдтар дар ҷараёни буҳрони молӣ ва банкии соли 2009 ба ҳам наздик шуданд ва аввалин иҷлоси сарони онҳо дар соли 2010 дар Екатеринбурги Русия ташкил шуд. Як сол баъд Африқои ҷанубӣ низ даъват шуд, ки ба ин гурӯҳ бипайвандад ва ба ин тартиб БРИК ба БРИКС табдил шуд. 

Ниҳодҳое барои муқобила бо Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул 

Соли 2014 кишварҳои БРИКС “Бонки тавсияи ҷадид” “New Development Bank» (NDB)-ро бо сармояи аввалияи 50 миллиард доллар таъсис карданд то гузинҳое дар баробари Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул бошад, ки умдатан аз онҳо ба унвони ниҳодҳои молии байналмилалии таҳти контроли Ғарб ёд мешавад. 

Баъдтар механизми эҷоди замонат бо унвони Contingent Reserve Arrangement шакл гирифт, ки кишварҳои узвро дар сурати бурузи душворӣ барои онҳо, дар пардохти тааҳҳудоти молии байналмилалии худ ёрӣ кунад. 

Ниҳодҳои молӣ ва бонкии БРИКС на танҳо барои кишварҳои узв, ки барои бисёре аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ва ё дар остонаи санъатишудан низ, ки дар дарёфти вом аз Сандуқи байналмилалии пул таҷрибаи мусбате надошта ва маҷбӯр ба қабули шартҳои ин сандуқ будаанд, ҷаззобу қобили эътино шудааст, зеро дигар маҷбур набуданд барои дарёфти қарз ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул руҷӯъ кунанд. Шуморе аз ин кишварҳо ҳоло номзад ё моил ба вуруд ба гурӯҳи БРИКС ҳастанд. 

Бонки тавсеъаи БРИКС барои пазириши узви ҷадид эъломи омодагӣ кардааст. Ба ин тартиб аз соли 2021 Миср, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Уругвай ва Бангладеш дар ин бонк дорои саҳҳом шудаанд, ки албатта саҳми онҳо хеле камтар аз супурдаи даҳ миллиардии ҳар кадом аз кишварҳои муассиси БРИКС дар ин бонк аст. 

БРИКС дар ҳоли густариш 

Чанде пеш Налди Пандора, вазири хориҷаи Африқои ҷануби таъйид кард, ки алоқа ва кашиши қобили эътиное дар сатҳи байналмилалӣ барои пайвастан ба гурӯҳи БРИКС ба вуҷуд омадааст. Ў дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт: “дар ҳоли ҳозир дархости узвияти Арабистони саудӣ, Амороти муттаҳида, Миср, Алҷазоир, Аргентина, Мексика ва Нигерия рӯйи мизи гурӯҳи БРИКС аст.” 

Хонум Пандора тасреҳ кард, ки кишварҳои БРИКС омодаанд, ки дар бораи густариши ин гурӯҳ сӯҳбат кунанд, аммо бояд бо диққат ва таваҷҷуҳи лозим дар ин бора баҳс ва гуфтугӯ дошта бошанд. Дархостҳои ёдшуда дар иҷлоси ояндаи сарони БРИКС дар Африқои ҷанубӣ, ки қарор аст дар август баргузор шавад мавзӯъи баҳсу баррасӣ хоҳанд буд. 

Раванди тавсеъаи иқтисодии кишварҳои БРИКС ҳоло бо даврони тиллоии рушди иқтисодии ин панҷ кишвар, ки ангезаи ҳамроҳӣ ва ҳамоҳангиашон буд, чандон шабоҳате надорад. Танҳо Чин аст, ки ҳамчунон аз рушду тавсеъаи пойдор бархурдор аст. 

Дар ҳоле, ки Чин дар фосилаи 2010 то 2021 тавлиди нохолиси миллии худро аз шаш триллион доллар ба 18 триллион доллар афзоиш додааст, иқтисоди Русия, Бразилия ва Африқои ҷанубӣ дар ин давраи замонӣ дар ҳоли рукуд будааст. Ҳинд ҳам танҳо муваффақ шудааст, ки тавлиди нохолиси миллии худро аз 1.7 триллион доллар ба 3.1 триллион доллар афзоиш диҳад. 

Ҷанги Укроин амалан фосилаи кишварҳои БРИКС бо ҷаҳони Ғарбро афзоиш додааст, зеро Ҳинд, Бразилия, Африқои ҷанубӣ ва Чин ҳеҷ кадом ҳозир нашудаанд ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бипайванданд. Арқоми бесобиқаи марбут ба ҳаҷми тиҷорат миёни Ҳинд ва Русия ё вобастагии Бразилия ба нуриҳои минералии Русия намуди боризи ин воқеият ҳастанд. 

Матто Бишоп, мутахассиси улуми сиёсӣ дар донишгоҳи Шафилд, дар мақолае дар нашрияи “Экономист” навиштааст: ”ҷанги Укроин ба ҷудоии дипломатик миёни Ғарб ва кишварҳое мунҷар шуда, ки аз Русия ҳимоят мекунанд.” 

“Манёвр миёни қутбҳои мухталиф” 

Аммо Гунтер Майҳолд, муовини муассисаи таҳқиқотии “Бунёди илм ва сиёсат” (SWP) бар ин назар аст, ки БРИКС беш аз он ки моҳият ва таркиби зиддиғарбӣ дошта бошад, ташаккуле аст барои таҳаққуқ ва амалиётӣ кардани манофеъи минтақаии кишварҳои узв. Ба ақидаи ӯ “Бразил, Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ мехоҳанд миёни кишварҳои мутафовит қудрати таҳаррук ва манёвр дошта бошанд. Онҳо моиланд, ки дар шароит фосилагирӣ аз қутбҳои мухталиф беҳтарин гузинаҳоро барои тавсеъаи миллии худ мутаҳаққиқ кунанд.” 

Ин дар ҳоле аст, ки Чин ба гуфтаи коршиноси “Бунёди илм ва сиёсат”-и Олмон дар садади истифода аз БРИКС барои амали кардани идеяҳо ва ҷоҳталабиҳои худ дар густараи сиёсати байналмилалӣ аст. Талош барои миёнҷигарӣ миёни Русия ва Укроин ва манёври муштарак бо Русия дар соҳилҳои Африқои ҷанубӣ низ иқдомоте дар ин росто ҳастанд. 

Дар ин миён Ғарб ҳам ба гуфтаи Майҳолд, тағйири стратегияи БРИКС ба сӯи эҷоди гузинае дар баробари “ниҳодҳо ва ташаккулҳои таҳти контроли Амрико ва Аврупо, аз Гурӯҳи 7 гирифта то Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул”-ро бо диққат расад мекунад. Ў дар ин робита аз ҷумла ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки дар иҷлоси сарони ҳафт кишвари санъатии Ғарб дар Олмон дар соли 2022 талош шуд, ки бо даъват аз Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ то ҳудуде ба онҳо чашмандозе аз ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ нишон дода шавад шояд, ки онҳо аз идея ва талош барои шаклдиҳи ба қутби БРИКС дар баробари Гурӯҳи 7 боздошта шаванд. 

Музокироти Лула ва ҳайати бузургу бесобиқаи ҳамроҳи ӯ дар Чин ва мизони густариши муносиботи иқтисодӣ ва сиёсии ношӣ аз он, дар канори талоши ду кишвар барои ба ҷараён андохтани музокироти сулҳ ҷиҳати хотима додан ба ҷанги Укроин, ба илова мизони ҳамроҳӣ ва ҳамгомӣ ё вогароии эҳтимолӣ дар иҷлоси сарони БРИКС дар Африқои ҷанубӣ нишон хоҳад дод, ки ин ташаккул то чӣ ҳадд аз инсиҷоми дарунӣ ва зарфият барои эҷоди қутбе дар муқобили кишварҳои ғарбӣ ва ниҳодҳои наздик ба онҳо бархурдор аст. 

Дасти кам се кишвар Ҳинд, Африқои ҷанубӣ ва Бразилия беш аз он ки ба иттиҳоду эътилоф бо Чин ва Русия дар баробари Ғарб фикр кунанд, ба таъмини бештарин манофеъи барои худ аз тариқи манёвр миёни қутбҳои мухталифи ҷаҳонӣ машғуланд, рӯйкарде, ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба тавсеъаи ҷаҳон низ каму беш ба масири он афтодаанд.

Дойче Велла

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular