Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон барои нишасти дурӯза дар бораи Афғонистон, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, ба онҷо рафтааст. Қарор аст нишасти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Чин, Покистон, Эрон, Туркманистон, Русия ва Узбекистон дар мавриди Афғонистон имрӯз оғоз ёбад.
Ҳамроҳ бо Муҳриддин дар ин нишаст Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия, Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири давлати Покистон дар умури хориҷӣ, Тсин Ганг, вазири хориҷии Чин ва Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон ширкат мекунанд.
Расонаҳои афғонистонӣ навиштаанд Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон низ барои ишитирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон, ба Самарқанд сафар хоҳад кард.
Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи сарпарасти вазорати умури хориҷаи Афғонистон, субҳи рӯзи панҷшанбе, 13-уми апрел, дар саҳифаи твиттерии худ аз сафари ҳайати Толибон бо раҳбарии Амирхон Муттақӣ ба шаҳри Самарқанд хабар додааст.
Ба гуфтаи Зиё Аҳмад, интизор меравад, дар ҳошияи нишасти чаҳоруми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Амирхон Муттақӣ бо як идда вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсоя дидору гуфтугӯҳои дуҷониба анҷом диҳад. Дидори Муттақӣ бо Муҳриддин низ дар назар аст ё на, иттилоъ дода намешавад.
Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани Толибон мавқеъи хасмона алайҳи онҳо иттихоз карда ва мухолифини Толибонро паноҳ додааст. Дар ҳамин ҳол, моҳе қабл расонаҳо аз ба Толибон супурда шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Бадахшони Тоҷикистон хбар доданд.
Гуфта мешавад дар шаҳри Самарқанд се нишаст дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар назар аст. Вохӯрии вазирони кишварҳои ОМ ва Русия, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояи Афғонистон.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

