Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗарари офатҳои табиӣ ба Бадахшон 15,8 млн ҳисоб шудааст

Зарари офатҳои табиӣ ба Бадахшон 15,8 млн ҳисоб шудааст

Офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар се моҳи соли ҷорӣ 15,8 миллион сомон хисорот ворид кардаанд.

Дар ин муддат дар ВМКБ наздикӣ 260 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2023 ва супоришҳои нақшавӣ барои нимсолаи дуюм дар ин бора иттилоъ дода шуда, таъкид гардид, ки ҳоло дар вилоят корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Аз офатҳои табиӣ дар вилоят дар семоҳаи аввали соли 2023 73 хона хароб шуда, аз ин шумора 16 хона пурра ва 19 хона қисман осеб диданд.

Зарари умумии расида 15,8 миллион сомониро ташкил додааст.

Гуфтанист, моҳи январи соли ҷорӣ дар ВМКБ бар асари фаромадани тарма 18 нафар ба ҷони худро аз даст дода ва даҳҳо нафари дигар низ маҷрӯҳ шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular