Wednesday, July 2, 2025
ads
HomeХабарҳоТавофуқи G-7 бар сари густариши ҳарчи бештари энержиҳои бодию офтобӣ

Тавофуқи G-7 бар сари густариши ҳарчи бештари энержиҳои бодию офтобӣ

Вазирони энержӣ ва муҳити зисти ҳафт кишвари бартари санъатии ҷаҳон дар нишасти худ дар Ҷопон бар сари густариши қобили таваҷҷуҳи истифода аз энержии бодӣ то соли 2030 ба тавофуқ расиданд. Ҳамчунин тавофуқ шуда, ки тавлиди барқ аз энержии хуршедӣ низ афзоиш ёбад. 

Гурӯҳи ҳафт, ки шомили ҳафт кишвари санъатии пешрав дар ҷаҳон аст дар нишасти худ дар шаҳри Саппоро дар шимоли Ҷопон тавонист бар сари ҳадафҳое дар масири густариши истифода аз энергиҳои таҷдидпазир ба тавофуқ бирасад. 

Мутобиқи санади поёнии ин нишаст, вазирони муҳити зист ва энержии Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса, Италия, Ҷопон ва Канада бар сари гирифтани тасмимҳои мушаххас барои густариши энержии хуршедӣ ва бодӣ тавофуқ кардаанд. 

Тибқи санади поёнӣ, қарор шуда, ки то соли 2030 зарфияти истифода аз энержии бодӣ дар баҳр ба ҳудуди 150 гигават бирасад, ки бо қудрати 150 нерӯгоҳи атомӣ баробар хоҳад буд. 

Нерӯгоҳҳои бодии баҳрӣ ё фаросоҳилӣ шомили маҷмӯае аз турбинаҳо мешаванд, ки аз энержии бод рӯйи сатҳи озоди обҳо истифода карда ва онро ба барқ табдил мекунанд. 

Олмон тасмим гирифтааст, то соли 2030 зарфияти энержии хуршедии худро ҳудуди 150 гигават афзоиш дода ва бар энержии бодии фаросоҳилии худ низ 22 гигават биафзояд. 

Гурӯҳи ҳафт ҳамчунин тасмим гирифт, аз сохтани нерӯгоҳи ҷадиди ангиштсангӣ даст кашида ва даст кашидан аз ин нерӯгоҳҳоро суръат бахшад. Бархе аз кишварҳо соли 2030-ро барои ҳазфи тадриҷии карбон пешниҳод карда буданд, ки дар нишаст бар сари он тасмиме гирифта нашуд. 

Олмон барномае дар дастури кор дорад то битавонад то соли 2030 ба истифода аз ангиштсанг барои тавлиди энергӣ поён диҳад. 

Патрик Грейхен, мақоми аршади вазоратхонаи умури иқтисодӣ ва ҳифозат аз иқлими Олмон аз натоиҷи ин нишаст ибрози ризоят кард ва гуфт: “Гурӯҳи ҳафт натиҷаи дурусте аз ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Укроин гирифт ва тағйири сиёсати энержӣ дар кишварҳои узвро суръат бахшид.” 

Грейхен таъкид кард, ки бояд аз истифода аз энержиҳои сӯхтӣ даст кашид, зеро ин тасмим барои ҳифозат аз обуҳаво ва амнияти энержӣ муҳим аст: “аммо барои расидан ба аҳдофамон мо бояд суръати худро бисёр бештар ва сармоягузориҳои лозимро ворид кунем, ки Гурӯҳи ҳафт дар ин замина сигналҳои дурустро ирсол кардааст.” 

Кишварҳои “G-7” мехоҳанд, ҳар чӣ сареътар нерӯгоҳҳои ангиштсангии худро таътил кунанд, ҳатто агар ин нерӯгоҳҳо дорои дастгоҳҳои ҷудокунандае бошад, ки метавонад гази карбоникро ҷудо ва ба ҷойи интишори мустақим ба ҳаво ба сурати моеъ захира кунад. 

Дар айни ҳол сармоягузорӣ дар нерӯгоҳҳо ва пойгоҳҳои гази табиӣ ҳамчунон бояд имконпазир бошад то таъмини энержӣ тазмин шавад. 

Ба вижа Ҷопон, ки мизбони нишасти Гурӯҳи ҳафт худ ба воридоти гази табиӣ вобастааст. Ин кишвар ба ҳамин далел тамоюле надорад, ки то 15 10 соли оянда аз ин имкон чашмпушӣ кунад. 

Бо ин ҳол ин кишвар низ масири истифода аз энержиҳои ҷойгузин ва покро дар пай гирифта ва дар соҳилҳои худ потенсиали бузурге барои истифода аз энержии бодии фаросоҳилӣ ба вуҷуд оварда, ки дар ҳоли ҳозир ба нудрат аз он истифода мешавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?