Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк табақаи бинои баландошёна дар Ваҳдат пурра ба коми оташ рафт

Як табақаи бинои баландошёна дар Ваҳдат пурра ба коми оташ рафт

Табақаи охири як бинои баландошёна дар маркази шаҳри Ваҳдат, 20-километрии Душанбе, пурра сӯхта, чанд сокини бино аз хонаҳову дороиҳояшон дар он маҳрум шуданд. 

Ҳодиса шаби 15 ба 16-уми апрел рух додааст. Дар наворҳое, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, наворбардор мегӯяд сӯхтор гуё дар пайи таркиши зарфи гази моеъ сар задааст. 

Дар бархе дигар аз наворҳо сокинон аз эҳтимоли ба ҳам расидани сими ҳарф мезананд. Ҳанӯз шарҳи расмие аз мақомот дар ин бора садо надода ва маълум нест, дар ин ҳодиса касе осеб дидааст ё на. 

Дар наворҳо дида мешавад, ки алангаи оташ дар бинои шашошёна аз як хона ба хонаи дигар мегузарад ва дар муддати кӯтоҳ табауаи шашуми бино комилан ба коми оташ меравад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular