Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки 20 апрели соли 1973, замони қуллаи қудрати Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ, дар як гӯшаи дурафтодаи ин импротурии қудратхоҳу қудратнамо таъсис шуда буд, имрӯз 50-сола шуд. Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон ин ҳизб — ягона нерӯи қудратманди мухолифашро терроистӣ эълон ва фаъолияти онро дар кишвар мамнӯъ эълон кардааст ва он фаъолияташро дар хориҷ пеш мебарад, таъсири ҲНИТ на танҳо дар таърихи навини Тоҷикистону минтақа, балки дар фурӯпошии яке аз қудратмандтарин импротуриҳои асри 20-ро наметавон нодида гирифт.
Ҳизбу ҳаракатҳое мисли ҲНИТ дар таърихи кишварҳо ба унвони ҳаракати милливу озодихоҳӣ, ба қавле, бо оби тилло сабт мешаванд, чун ҳамин ҳаракатҳоянд, ки алайҳи истеъморгарон истод мешаванд ва кишварҳову миллатҳоро ба озодӣ мерасонанд. Бузургтарин ифтихороти як миллат ва як кишвари озод ин гуна ҳаракатҳо ва афроди озодихоҳи қаҳрамон ҳастанд. Камтар кишвару миллате пайдо мешавад, ки бузургтар аз озодихоҳон қаҳрамоне дошта бошад, шурӯъ аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико — қудратмандтарин кишвари ҷаҳони имрӯз то кӯчактарин кишварҳову миллатҳо ва ҳатто қабилаҳо. Дар ҳамосаву достонҳои ҳамаи миллатҳову кишварҳои ҷаҳон бештар аз ҳар касеву чизе афроду ҳаракатҳои озодихоҳу мубориз сутуда мешаванд.
Магар ҳамосае бузургтар аз ин метавонад бошад, ки панҷ ҷавони тоҷик дар гӯшае аз импротурие, ки дар дохил камтарин садои эътирозро бо шиддат саркӯб мекард ва дар хориҷ мекӯшид ба ҳамаи ҷаҳон тасаллут дошта бошад, ҳаракате таъсис медиҳанд, ки баъдан ба бузургтарин ҳаракати озодихоҳӣ дар минтақа табдил мешавад ва саҳми бузурге дар заминасозии азҳампошии ин импротурӣ мегузорад?
Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби як гурӯҳи худкома, бо андешаву дид ва саводи замони Шӯравӣ тасарруф шудааст, бар замми ҳама хиёнатҳое, ки ба миллату кишвар намудааст, бо мамнӯъ кардану ба ҳошия рондан ва террористиву хоин хондани бузургтарин ҳаракати озодихоҳии миллӣ ҳади ақал дар сад соли охир, хиёнати бузурге ба худшиносии миллӣ кардааст. Авоқиби ин хиёнат садсолаҳо идома хоҳад кард ва дар бораи он таҳлилу таҳқиқҳои зиёде навишта хоҳанд шуд.
Душман, хоин ва террорист эълон кардани афрод ва ҳаракатҳои озодихоҳ аслан аз ҷониби истеъморгарон иттифоқ меафтад, чун мекӯшанд бо ин кор таъсири онҳоро байни мардум камтар кунанд ва аз шӯришу инқилобҳо ҷилавгирӣ намоянд. Аммо гоҳо ҳукуматҳои худкомаву диктотурӣ, ки қудрату мансаби худро болотар аз ҳар муқаддасоти миллӣ медонанд, ба ин ҷинояти зиддимиллӣ даст мезананд ва бо ин корашон озодиву истиқлоли миллату кишварро зери суол мебаранд.
Дар остонаи 50-солагии ҲНИТ пойгоҳи “Ислоҳ” бо як иқдоми сутуданӣ ба навиштани таърихи Ҳизби наҳзати исломӣ шурӯъ намуд, ки то ҳол ва и он ба нашр расидааст.
“Паём” тасмим дорад силсиламақолаҳои таҳлилӣ дар бораи таъсири ин ҳаракат дар шаклгирии тафаккури миллӣ-озодихоҳӣ ва умуман дар ҷомеъаи Тоҷикистону минтақа омода ва нашр намояд, ки ба зудӣ шурӯъ хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

