Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТабрикоти раҳбари ПМТ ба Иди Фитр

Табрикоти раҳбари ПМТ ба Иди Фитр

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мардуми кишварро ба Иди Фитр табрик гуфт.

Ӯ бо зикри ин ки дар моҳи шарифи Рамазон мардуми кишвар зиндагии каме осудае доштанд, гуфт дар ҳамин ҳол зиндониёни тоҷик, ба хусус зиндониёни сиёсӣ дучори чолишҳои зиёде буданд.

Ҳамчунин раҳбари ПМТ аз мушкилоти зиндониёни тоҷик дар Русия ёдоварӣ кард, ки бидуни ихтиёрашон ё бо фиреб ба ҷанг бурда мешаванд, ёд кард.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт мақомоти кишвар дар моҳи шарифи Рамазон ҳам аз фишор болои мардум худдорӣ накарданд ва ба ҷузъитарин масотли динии онҳо низ дахолат карданд. Аз ҷумла фитри рӯзаро, ки мустаҳиқаш кашшоқону камбизоатон ҳастанд, аз мардум ҷамъоварӣ намуданд, ки нақзи ошкори ҳуқуқи инсон аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular