Wednesday, March 11, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти хоҳарзодаи Шамсиддини Саид дар Бохтар

Боздошти хоҳарзодаи Шамсиддини Саид дар Бохтар

Яке аз пайвандони як мақоми аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон боздошт шудааст.

Ба иттилои як манбаи “Паём” аз шуъбаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар,  Саидумар Саидов, бародарзодаи Шамсиддини Саид, яке аз мақомоти аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Манбаи “Паём” афзуд, Саидумар Саидовро ба иттиҳоми иртиботи телефонӣ бо Шамсиддини Саид як рӯз қабл аз Иди Фитр боздошт намудаанд.

Бояд гуфт, чанде қабл писари Шамсиддини Саид Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва баробар бо расиданаш ба Тоҷикистон аз тарафи мақомоти амниятии кишвар боздошт шуд. Тайи чанд рӯзе, ки Абдуллоҳи Шамсиддин дар боздоштгоҳ буд, мақомоти амниятию интизомии Тоҷикистон аз ифшои ҷойи боздошти ӯ худдорӣ мекарданд. Аммо пас аз чанд рӯзи ихроҷаш Абдуллоҳи Шамсиддин аз тариқи телефон ба ҳамсараш хабар дод, ки ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ аст.

Ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдуллоҳи Шамсиддинро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular