Thursday, March 12, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСафири Чин ҳаққи ҳокимияти кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравиро рад кард

Сафири Чин ҳаққи ҳокимияти кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравиро рад кард

Сафири Чин дар Фаронса дар мусоҳибаи ҷанҷолбарангез ҳаққи ҳокимияти миллии кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравии собиқро рад кардааст. 

Умедҳо ба ин ки Чин дар иртибот бо ҷанги Русия дар Укроин нақши миёнҷигарӣ иҷро кунад, торафт камтар мешавад. Лаҳну нигоҳи Пекин ба ин ҷанг рӯз ба рӯз ба мавқеъи Маскав наздиктар мешаванд. 

Акнун Лу Шей, сафири Чин дар Фаронса бо изҳороти худ дар мусоҳиба бо шабакаи фаронсавии LCI боиси ҷанҷоли тоза шудааст. 

Ӯ дар ин гуфтугӯ ҳаққи ҳокимияти миллии кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравии собиқро рад карда ва дар посух ба ин пурсиш, ки оё нимҷазираи Крим ҷузъе аз Укроин аст, ҳатто муддаӣ шуда: “ҳеҷ гуна қарордоди байналмилалӣ, ки ҳокимияти кишварҳои истиқлолёфта аз Шӯравии собиқро мушаххас ва тасбит кунад, вуҷуд надорад”. 

Нимҷазираи Крим дар соли 2014 ба тасарруфи нерӯҳои рус даромад ва баъдан Маскав ҳамапурсии намоишӣ дар он ҷо баргузор кард то ба тасарруфи Крим машрӯъият бахшад. 

Русия пеш аз он расман бар марзҳои мавҷуд таъкид карда ва Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дар соли 2008 дар мусоҳиба бо шабакаи аввали телевизиони Олмон гуфта буд, Крим минтақае мавриди муноқиша набуда ва Русия марзҳои таъйиншуда бо Укроинро ба расмият мешиносад. 

Изҳороти кунунии Лу Шей, сафири Чин дар Париж интиқодоти бисёр тундеро дар шарқи Аврупо барангехтааст. 

То пеш аз фурӯпошии Шӯравии собиқ бисёре аз кишварҳои мустақили кунунӣ аз ҷумла Тоҷикистону Узбекситон, Қирғизистону Қазоқистон. Укроин, Беларус, Молдова, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон ва се кишвари минтақаи Балтика (Эстония, Латвия ва Литва) аз ҷамоҳири Шӯравии собиқ маҳсуб мешуданд. Шуморе аз ин кишварҳо пештар тавассути артиши Шӯравии собиқ тасхир шуда ва таҳти ишғол даромада буданд. 

Иддаоҳои сафири Чин дар Париж ба вижа хашми кишварҳои ҳавзаи Балтикаро барангехтаанд. Ба гузориши хабаргузории Блумберг, се кишвар Латвия, Литва ва Эстония эълом кардаанд, ки сафири Чин дар ин кишварҳоро эҳзор хоҳанд кард ва аз ӯ дар ин робита тавзеҳ хоҳанд хост. 

Эдгар Ринкевич, вазири умури хориҷаи Латвия бо интишори паёме дар шабакаи Твиттер изҳороти сафири Чин дар Парижро “ғайри қобили қабул” хондааст. Маргос Тсекна, вазири хориҷаи Эстония низ иддаоҳои Лу Шейро “таъбир ва тафсири нодуруст аз таърих” донистааст. 

Пуштибонии Пекин аз Маскав дар иртибот бо ҷанг дар Укроин бо афзоиши таниш дар масъалаи Тайван ҳамзамон шудааст. Ғарб бими онро дорад, ки Пекин аз таҷовузи низомии Русия ба Укроин ба унвони баҳона ва тавҷеҳе барои ҳамла ба Тайван истифода кунад. 

Ин нахустин бор нест, ки сафири Чин дар Париж бо изҳорот ва иддаоҳои худ ҷанҷолбарангез шудааст. Дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ буд, ки сафорати Чин дар Париж бо интишори твитте як пажӯҳишгари фаронсавиро ба доштани мавзеъи “зиддичинӣ” муттаҳам карда, ӯро «майлаҷинояткор» номида буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular