Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАфзоиши бесобиқаи додугирифти Чин бо кишварҳои ОМ

Афзоиши бесобиқаи додугирифти Чин бо кишварҳои ОМ

Додугирифти тиҷорӣ байни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ бо суръат афзоишёфтааст. Тибқи иттилоъи хабаргузории бо истинод ба вазири тиҷорати Чин Ван Вэнтао маблағи гардиши молу маҳсулот миёни Чин ва кишварҳои ОМ дар соли гузашта ба 70,2 млд доллар расидааст, ки рекорди таърихӣ мебошад.

Дар нишатии вазирони иқтисод ва савдои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳафтаи гузашта тариқи видеоконфронс баргузор гардид, Вэнтао гуфтааст “дар муқоиса бо 2 моҳи соли гузашта дар 2 моҳи соли равон ҳаҷми додугирифт байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ 22% афзоиш ёфт”.

Ба гуфтаи Вэнтао соли 2022 воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, энергетикӣ ва минералӣ ба Чин аз ин кишварҳо беш аз 50% бештар шуда, афзоиши содироти маҳсулоти мханикӣ ва электронӣ аз Чин ба минтақа 42%-ро ташкил дод.

Ӯ таъкид дошт, ки то охири соли 2022 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Чин ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб ба 15 млрд доллар расид.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи вазири Чин, соли гузашта як қатор лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳое чун иктишоф, истихроҷ ва коркарди нафту газ, алоқа ва технологияҳои рақамӣ роҳандозӣ шудааст.

Ван Вэнтао гуфт, Чин ба кор бо кишварҳои минтақа барои пешбурди шеваҳои нави тиҷорат ва сармоягузорӣ, инноватсияҳо ҳамчун ҳавасмандӣ барои рушд, таъмини амният ва суботи занҷираҳои арзиши саноатии минтақа, дастгирии низоми тиҷорати бисёрҷониба ва ба муҳаррики рушд табдил додани савдои наздисарҳадӣ омода аст.

Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар навбати худ ба муттаҳид намудани талошҳо бо Чин баҳри таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо ва сармоягузорӣ, иқтисоди рақамӣ, рушди “сабз” ва ҳамлу нақли транзитӣ изҳори омодагӣ карданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони сохтори савдои шаш кишвар дар бораи имзои як қатор санадҳои ниҳоӣ дар нишасти Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин оғози савдои электронӣ барои шиносоии истеъмолгарони Чин бо маҳсулоти минтақа гуфтушунид ва тавофуқ ҳосил карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular