Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБуҳрони Судон: тарафҳои даргир бо оташбас мувофиқат карданд

Буҳрони Судон: тарафҳои даргир бо оташбас мувофиқат карданд

Тарафҳои даргир дар Судон бар сари як оташбаси серӯза ба тавофуқ расиданд ва аз шаби гузашта онро ба иҷро гузоштанд. 

Соате пеш Антони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико аз тавофуқи тарафҳои даргир дар Судон барои барқарории оташбас аз нимашаб хабар дода буд. 

Ба гуфтаи Блинкен, фармондеҳони артиш ва шибҳинизомиёни нерӯҳоизудамал пас аз 48 соати музокира барои оташбас тавофуқ кардаанд. 

Ин севумин бор аст, ки дар рӯзҳои ахир дар Судон оташбас эълом мешавад. 

Ҳанӯз ҳеҷ нишонае аз барқарории оташбас вуҷуд надорад. Талошҳои қаблӣ барои барқарории оташбас шикаст хӯрдааст. 

То кунун дасти кам 400 нафар дар даргирӣ миёни ду тараф ҷонашонро аз даст додаанд. 

Фармондеҳи нерӯҳои зудамал дар баёнияе аз барқарории оташбас истиқбол кардааст. 

Ин фармондеҳ дар баёнияаш навишт: “мо бар тааҳҳудамон бар оташбаси комил дар давраи таваққуфи даргириҳо таъкид мекунем.” 

Артиши Судон ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст. 

Ба гуфтаи хабарнигорон дар Хартум, аҳолӣ умедворанд бо барқарории оташбас битавонанд пойтахтро тарк кунанд. 

Кишварҳои хориҷӣ ҳам дар ҳоли талош барои хориҷ кардани шаҳрвандонашон аз Судон ҳастанд. 

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони Хартум бо камбуди об ва маводи хӯрокӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва интернет ҳам амалан дар Судон қатъ аст. 

Судон севумин кишвари бузурги Африқост. 

Ин кишвар аз ду соли пеш ба василаи як Шӯрои интиқолӣ ба раҳбарии генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон, фармондеҳи артиш идора мешавад. 

Генерал Муҳаммад Ҳамдони Дақлу, ки фармондеҳи шибҳинизомиён нерӯҳои зудамал аст, муованати ин Шӯроро бар ӯҳда дорад. 

Ихтилоф миёни ин ду бо задухӯрди низомӣ миёни нерӯҳои онҳо аз понздаҳуми апрел, на рӯзи пеш, оғоз шудааст. 

Далели ин ҷанг чист? 

Аз замони кудато дар октябри соли 2021, сарони артиш аз тариқи он чи “Шӯрои ҳокимият” номида мешавад, кишварро идора мекунанд. Барои интиқоли ҳукумат ба ғайринизомиён, тарҳе барои идғоми ин нерӯҳои шибҳинизомии артиш дар даст буд аммо ихтилоф байни ин артиш ва нерӯҳои шибҳинизомӣ мӯҷиби таниш шудааст. 

Ду низомӣ дар ҳоли ҳозир дар маркази ин ихтилофот қарор доранд; Генерал Абдулфаттоҳ ал-Бурҳон, ки раиси нерӯҳои мусаллаҳ ва дар воқеъ раисҷумҳури кишвар аст, ва муовини ӯ генерал Муҳаммад Ҳамдони Дақлу, маъруф ба Ҳамидтӣ, ки фармондеҳи шибҳинизомиёни нерӯҳои зудамал аст. 

Ин ду нафар дар хусуси ҳаракати кишвар ба сӯи ҳукумати ғайринизомӣ ихтилофи назар доранд. 

Яке аз аслитарин нуқоти ихтилоф бар сари тарҳе аст, ки 100 ҳазор сарбози узви нерӯҳои зудамалро ба артиш изофа мекунад ва ин ки чӣ касе нерӯи ҷадидро раҳбарӣ хоҳад кард. 

Даргириҳои ахир пас аз чанд рӯзи таниш оғоз шуд, зеро аъзои нерӯҳои зудамал дар ҳаракате, ки артиш онро як таҳдид медонист, дар саросари кишвар мустақар шуданд. 

Мушаххас нест чӣ касе аввалин тирро дар субҳи шанбе шиллик кард, аммо бими он меравад, ки ин вазъият нопойдортар ва бадтар шавад. 

Дар пайи рӯзҳо таниш дар Судон байни шибҳинизомиёни нерӯҳои зудамал ва артиш, садои тирандозӣ ва инфиҷорҳои шадид дар нуқоти мухталифи Хартум, пойтахти ин кишвар ва аз ҷумла кохи раёсатҷумҳурӣ шунида шудааст. 

Нерӯҳои шибҳинизомии зудамал ба раҳбарии генерал Муҳаммад Ҳамдони Дақлу, муовини раҳбари кишвар ба нақзи ҳуқуқи башар ва қатли дасти кам 120 мӯътариз дар июни 2019 дар тазоҳурот дар штаби артиш муттаҳам аст. 

Нерӯҳои вокуниши сареъ дар соли 2013 умдатан аз шибҳинизомиёни”«Ҷанҷовид” ташкил шуд, ки бо шӯришёни Дарфур меҷангиданд. Ахиран девони кайфарии байналмилалии дар Гаага муҳокимаи Алӣ Муҳаммад Алӣ Абдурраҳмон, раҳбари собиқи шибҳинизомиёни “Ҷанҷовид”-ро ба иттиҳоми 31 мавриди ҷиноят алайҳи башарият ва ҷинояти ҷангӣ оғоз кардааст. 

Дар соли 2015, ҳудуди 40 ҳазор нафар аз аъзои нерӯҳои зудамал ба мудохилаи низомӣ таҳти раҳбарии Арабистони саудӣ дар ҷанги Яман пайвастанд. Аъзои ин нерӯ ба Либия ҳам эъзом шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular