Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон ба Қазоқистон меравад. Бо ҳавопаймои нав?

Раҳмон ба Қазоқистон меравад. Бо ҳавопаймои нав?

Қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3 – 4 май бо як сафари расмӣ ба Қазоқистон биравад. Ин аввалин сафари Раҳмон ба хориҷ баъди хариди пурсарусадои ҳавопаймои президентии гаронарзиш аз ҳукумати Мексика аст.

Рӯзи 20 апрел раисҷумҳури Мексика Лопес Абрадор дар Твиттер , “ба мардуми Мексика иттилоъ медиҳам, ки имрӯз созишномаи хариду фурӯши ҳавопаймои президентӣ имзо шуд. Ҳукумати Тоҷикистон бар асосӣ қиматгузории расмӣ 1 658 684 400 песо (пули миллии Мексика) интиқол дод”.

Ба гуфтаи ӯ ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст ҳавопаймои президентиро давоми 10 рӯз аз Мексика берун барад. Аз ин рӯ, имкон дорад ин ҳавопаймо то охири моҳи апред дар фурӯдгоҳи Душанбе фурӯд ояд ва Раҳмон аз он барои сафар ба Қазоқистон истифода намояд.

Хариди ҳавопаймои хусусӣ барои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бинобар сиёсати саркӯбгароёнааш аз ҷониби кишварҳои озод аслан даъват намешавад ва сафарҳояш бо чанд кишвари ҳамсоя мунҳасир аст, вокуниши тунди мухолифин ва озодандешонро ба бор овардааст.

Зимни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон дурнамои нави ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин дар ҳошияи ин сафар ҳамоиши тоҷирони тоҷику Қазоқистон дар Остона, пойтахти ин кишвар баргузор мегардад.

Ҳадаф аз ин ҳамоиш густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон гуфта мешавад ва дар он намояндагони сохторҳои расмӣ ва соҳибкорони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular