Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКишварҳои аврупоӣ воридоти газ аз Озарбойҷонро афзоиш медиҳанд

Кишварҳои аврупоӣ воридоти газ аз Озарбойҷонро афзоиш медиҳанд

Операторҳои миллии системаи тақсими гази Булғория, Руминия, Венгрия ва Словакия рӯзи сешанбе тавофуқ карданд, ки интиқоли гази табиӣ аз Озарбойҷонро бо истифода аз зерсохтҳои мавҷуд дар кишварҳояшон афзоиш диҳанд. 

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки кишварҳои аврупоии ёдшуда то ҳамин авохир ба шиддат ба энержии Русия вобаста буданд. 

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, имзои тавофуқномаи байни кишварҳои аврупоӣ ва ширкати давлатии нафти кишваришро “гоме бамавқеъ ва бисёр хуб аз назари шароити замонӣ” хонд. 

Ин тавофуқнома метавонад заминаи пешниҳоди бештар ва мутмаинтари гази масрафии Аврупо барои бисёре аз кишварҳои ин қораро фароҳам созад. 

Тавофуқномаи ёдшуда дар шаҳри София, пойтахти Булғория ба имзо расид ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон низ дар маросими имзоии қарордод ҳузур дошт. 

Иттиҳодияи Аврупо пас аз таҳоҷуми низомии Маскав ба Укроин дар талош аст то бо қатъи вобастагӣ ба гази Русия, манобеъи таъмини энержии худро бештар кунад ва барои ин манзур ба сӯроғи дигар содиркунандагон рафтааст. 

Брюссел дар ҳамин росто моҳи июли гузашта ёддошти тафоҳуме бо Боку барои ду баробар кардани воридоти газ аз ҷумҳурии Озарбойҷон ва расондани он ба солона 20 миллиард метри мукааб то соли 2027 ба имзо расонда буд. 

Долони газии ҷануб 

Румен Радев, раисҷумҳури Булғория мегӯяд: “ҷанг дар Укроин моро ба сӯи ёфтани пояҳои ҷадиде барои ҳусни ҳамҷаворӣ, кумаки мутақобил ва ҳамбастагӣ ҳидоят кард. Ин масъала ҳамчунин моро водор сохт то ба думболи роҳҳалҳои коромад ва комилан навин, масирҳои ҷадид ва шеваҳои нави таъмин бошем то нақшаи лоҷистикии байналмилалиро дубора барқарор кунем.” 

Булғория аз тариқи як иттисоли дохилӣ бо Юнон ба каридори гази ҷанубӣ пайваст аст. Ин пружа шомили хатти лӯлаи чандбахшӣ аст, ки барои интиқоли гази табиӣ аз Озарбойҷон ба Италия тарроҳӣ шудааст. 

Юнон ба ҳайси кишвари транзитӣ имкони интиқоли 1 миллиард метри мукааб гази баҳри Хазар ба Булғорияро фароҳам мекунад; Ин мизон наздик ба як севуми ниёзи кишварро пӯшиш медиҳад ва аз зарфияти афзоиши солонаи то 5 миллиард метри мукааб газ низ бархурдор аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular