Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПанҷакент: Боздошти таҷовузгарон бо иштироки писари корманди ВКД

Панҷакент: Боздошти таҷовузгарон бо иштироки писари корманди ВКД

23-юми феврали соли ҷорӣ гурӯҳе аз ҷавонони то 30-сола иборат аз 7-8 нафар дар шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт гардиданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин афрод бо роҳи фиреб ду духтари ҷавони сокини ин шаҳрро дар рӯзи Иди Артиши миллӣ ба доми худ андохта, ба таври гурӯҳӣ ба номуси онҳо таҷовӯз кардаанд. Ҳамзамон бар асоси ин иттилоот, дар байни ин гумонбарон фарзанди яке аз масъулони олирутбаи Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи шаҳри Панҷакент низ ҳузур дорад ва мақомоти корҳои дохила ин ҷиноятро аз чашми мардум ва расонаҳо махфӣ нигаҳ доштан мехоҳанд.

Мақомоти корҳои дохила дар шаҳри Панҷакент ва дар шаҳри Душанбе айни замон аз ифшои ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ карда, мегӯянд, ки ба хотири халалдор нашудани раванди таҳқиқот ва то анҷоми тафтишот дар ин маврид ба расонаҳо иттилоъ намедиҳанд. Тафсилоти хабар ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular