Гуруҳе аз занони хориҷӣ дар зиндоне дар Ироқ гуруснашинӣ эълом кардаанд. Дар ин бора занони қирғизистонӣ аз зиндони «Русафа»-и шаҳри Бағдод ба рӯзноманигорон иттилоъ додаанд.
Миёни заноне, ки гуруснашинӣ эълом кардаанд, шаҳрвандони Узбекистон, Доғистон, Чеченистон, Русия, Озарбойҷон ва Туркия низ ҳастанд.
Занҳо талаб доранд, ки айбҳо нисбати онҳо бекор ва онҳо ба ватанҳояшон ирсол шаванд.
Ибтидои моҳи апрел 40 зани қирғизистонӣ аз зиндони «Русафа» тавассути рӯзноманигорон аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буданд, ки онҳоро аз Ироқ берун баранд. Он занон гуфта буданд, ки аксария солҳои 2014-2015 ба дунболи шавҳаронашон ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва «террорист нестанд». Занон аз шароити нигаҳдорӣ дар зиндон шикоят карда буданд.
Ба иттилои хабаргузории Reuters, то 19 марти соли 2021 дар зиндони «Русафа» 494 зан нигаҳдорӣ мешуд. Инҳо шаҳрвандони 18 кишвар буданд, ки дар Ироқ зиндонӣ шудаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

