Wednesday, December 31, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоздошти фолбини навбатӣ: “Олоти гурги модина” аз пӯсти палтои занона

Боздошти фолбини навбатӣ: “Олоти гурги модина” аз пӯсти палтои занона

Мақомоти милитсия боз як ҳолати фиреби мардум тавассути фолбиниву ҷодугарӣ-ро ошкор карданд.

Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, зимни роҳандозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Одинаева Ибодат Тойжонова, соли таваллудаш 1957, сокини кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳритус, бо гумони машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фиреби мизоҷон боздошт карда шуд.

Фиреби мизоҷон бо “олоти гурги модина”

Ба иттилои мақомот, Одинаева Ибодат худро ҳамчун донандаи илми ғайб муаррифӣ карда, ба фолбиниву сеҳргарӣ машғул будааст. Ҳамзамон, ӯ як қисми болопӯши пашмдори палтои занонаро ҳамчун “олоти гурги модина” ба мизоҷони худ пешниҳод намуда, онро барои 500 сомонӣ ба фурӯш баровардааст.

Парвандаи маъмурӣ боз шуд

Мақомоти тафтишотӣ нисбат ба дастгиршуда тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.

TajNews ин қазияро пайгирӣ мекунад ва дар сурати дастрас шудани маълумоти иловагӣ, шуморо огоҳ хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular