Thursday, October 23, 2025
ADS
HomeПаём нетҶузъиёти кушта шудани яке аз саркардагони ДОИШ дар Сурия тавассути нерӯҳои Туркия

Ҷузъиёти кушта шудани яке аз саркардагони ДОИШ дар Сурия тавассути нерӯҳои Туркия

Дар амалиёти нерӯҳои Созмони иттилооти Туркия дар Сурия, Ал-Қурайшӣ, саркардаи ДОИШ пас аз он ки мутаваҷҷеҳ шуд роҳи фирор надорад, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кардааст. 

Бо иттилоъи хабаргузории “Анадолу” бо истинод ба манобеъи амниятии Туркия, Созмони иттилооти ин кишвар дар пайи дарёфти иттилооте мабнӣ бар ин ки Абу Ҳусейн Ал-Ҳусайнӣ Ал-Курайшӣ, саркардаи худхондаи ДОИШ дар минтақаи Синдер дар Африн дар шимоли Сурия аст ва ба зудӣ ҷо ба ҷо хоҳад, шуд вориди амал мешавад. 

Тими вежаи нерӯҳои Созмони иттилооти Туркия дар Сурия дар 29 апрели 2023 амалиёти махфиёнаеро дар хонае, ки ин Қурайшӣ дар он ҷо ҳузур дошт анҷом доданд. 

Дар ин амалиёт, ибтидо ба Абу-Ҳусейн Ал-Қурайшӣ ихтиёри таслим дода шуд, аммо посухе дарёфт нашуд. 

Пас аз он, тими амалиёти вижа ибтидо дари вурудии паси хона ва деворҳои атрофро мунфаҷир карда ва вориди хона шуданд. 

Ал-Қурайшӣ, пас аз он ки мутаваҷҷеҳ шуд роҳи фирор надорад, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард. 

Гуфта мешавад дар ин амалиёт, ки ҳудуди чаҳор соат ба тӯл анҷомид ба тими амалиёти вижаи Созмони иттилооти Туркия ва ғайри низомиён осебе нарасидааст. 

Абу-Ҳусейн Ал-Ҳусейнии Ал-Қурайшие, ки дар соли 2013 ба ДОИШ пайваста буд, дар муддати кӯтоҳе ба саркардагии ин гурӯҳи террористӣ расид. 

Вай дар 30 ноябри 2022 ва пас аз қатли Абу-Ҳасан Ал-Қурайшӣ, саркардаи қаблии ДОИШ ба унвони халифаи ҷадид таъйин шуда буд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?