Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) аз ширкати беш аз 84-дарсадии аҳолии қобили раъй ва ҷонибдории беш аз 90 дарсадии онҳо Сарқонуни нав хабар дод.
Ниҳоди аслии интихоботии Узбекистон ҳамчунин гуфт, ки Сарқонуни нави ин кишвар дар таҳрири нав шурӯъ аз дирӯз, 1 май ба иҷро даромад.
Ба иттилои КМИР, дар раъйпурсии рӯзи якшанбеи 30 апрел 84,54 дарсади аҳолии қобили раъй ширкат ва 90,21 дарсади онҳо ба ҷонибдорӣ аз Конститутсияи нав овоз додаанд.
Ба гуфтаи раиси КМИР Зайниддин Низомхоҷаев, ки дирӯз 1 май нишасти хабарӣ баргузор кард, танҳо 9,35 дарсади раъйдиҳандагон зидди ислоҳи Сарқонун раъй додаанд.
Тарҳи нави Сарқонун аз ҷумла муҳлати раёсатҷумҳуриро аз 5 ба 7 сол боло бурд, ки дар натиҷа ба расиҷумҳури кунунии ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳақ медиҳад то соли 2040 бар Узбекистон ҳукумат кунад.
Аз тағйири дигаре, ки ба Сарқонуни нав ворид шуд, манъ ҳукми қатл дар Узбекистон аст. Ҳамчунин тибқи Сарқонуни нав давлат вазифадор аст, шаҳрвандонро бо маоши ҳадди ақал, хона ва ёрии тиббӣ, инчунин дастрасӣ ба интернет таъмин кунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

