Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги мармузи 5 узви як хонавода дар Шаҳритӯс

Марги мармузи 5 узви як хонавода дар Шаҳритӯс

Панҷ узви як хонадон, бо шумули се кӯдак дар бемористони ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷон додаанд. Онҳоро рӯзи 3 май дар оромгоҳи деҳаи Свердлов дафн карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Пизишкон гуфтанд, сабаби марги панҷ нафар маълум нест. Мегӯянд, мунтазири натиҷаи санҷиш аз Душанбе ҳастанд.

Шахсони наздик ба оила хабар доданд, ки эҳтимол заҳролудшавӣ аз ғизои консервашуда сабаби марг шудааст.

Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдак шоми 2-юми май ба шифохонаи ноҳияи Шаҳритус бурда буданд.

Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок дар Тоҷикистон борҳо иттифоқ уфтодааст.

Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баъд аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар он ҳодиса ду нафар ҷон бохтанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular