Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГардиши мол байни Тоҷикистону Туркия ба $351 расидааст

Гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия ба $351 расидааст

Соли 2022 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия 351,2 миллион долларро ташкил дод. Инчунин дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми савдои хориҷӣ бо Туркия 98,4 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,5 миллион доллар ё 17,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар иттилоъ дода шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ  ҳамзамон тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни ду давлат мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тибқи иттилоъи “Ховар” ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст бо истифода аз имконоти мавҷудаи дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории Туркия корхонаҳои саноатии муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, коркарди алюминий, пашму пӯст, меваю сабзавот, хӯрокворӣ, шустушӯӣ ва масолеҳи сохтмон таъсис дода шавад.

Ҷонибҳо дар доираи лоиҳаи «Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2022-2025» ва Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) густариши ҳамкориро муҳокима намуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular