Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳбарони 4 кишвари ОМ бо сафари 4-рӯза ба Чин мераванд

Раҳбарони 4 кишвари ОМ бо сафари 4-рӯза ба Чин мераванд

Қарор аст раҳбарони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ бо сафари чаҳоррӯзаи давлатӣ ба Чин бираванд. Ҳеҷ маълумоте дар бораи барномаи сафари онҳо дастрас нест.

Дар ин бораи сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 8-уми май хабар дода ва эълон кард раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон бо давъати Си Ҷинпин дар Пекин ҷамъ мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, сафари онҳо аз 16 то 20-уми майи имсол идома хоҳад кард.

Раисҷумҳури Чин моҳи март дар паёме ба муносибати ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафари давлатӣ ба Пекин барои дидор ва иштирок дар нишасти «Чин ва Осиёи Марказӣ» даъват кард.

Дар номаи шодбошӣ гуфта шуда буд, ки дар нишаст «тарҳи бузург»-ро баррасӣ мекунанд.

Чин солҳои охир ба яке аз шарикон ва сармоягузорони асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳам аз ин кишвар аст. Чизе, ки мояи ташвиши фаъолону мунтақидон шуда.

Дар радабандии ширкати тайвании “DoubleThink Lab” дар мавриди таъсири Чин бар шарикони худ Қирғизистон бо гирифтани мақоми 8-ум ва Тоҷикистон мақоми 9-ум дар садри ҷадвал ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular