Дар чанд навоҳии ҷумҳурии Тотористону Русия садҳо нафар тоҷики муқими он даъватномаи ҳузур дар комиссариати ҳарбӣ гирифтаанд. Қаблан мақомоти Русия аз ирсоли зодагони кишварҳои Осиёи Марказии дорои шаҳрвандии ин кишвар ба ҷанг худдорӣ мекарданд, аммо зоҳиран вазъ тағйир кардааст.
Тибқи иттилоъи хонандагони “Паём”, ҳафтаи гузашта дар чанд ноҳияи ҷумҳурии Тотористон тоҷикони дорои душаҳрвандӣ ба дарёфти даъватномаҳо шурӯъ кардаанд, ки то ҳол ирсоли он идома дорад. Ба гуфтаи онҳо синнусоли даъватшудагон аз 25 то 45 сола аст.
Ба гуфтаи яке аз хонандагон, танҳо аз деҳаи ноҳияи Туймази 12 нафар ба комиссариати ҳарбӣ даъват шудаанд. Ӯ гуфт аксари онҳо ба хотири “облава” нашудан алаакай хонаҳои худро тарк кардаанд.
Вазорати дифоъи Англия низ дар баррасии рӯзона худ аз ҷанг Укроин аз талош мақомот Русия барои ҷазб муҳоҷирони коргар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ширкат дар ҷанг менависад.
Дар гузориш гуфта мешавад гурӯҳҳое аз мақомот аз масоҷид боздид мекунанд ва дар марказҳои муҳоҷират кормандон ба хориҷиҳо хидмат дар артиши Русияро пешниҳод мекунанд. Ба муҳоҷирон ваъдаи пардохти якбора 2390 доллар ба рубл ва моҳонаи 4160 доллар дода мешавад.
Ба гуфтаи нависандагон ин баррасӣ, моҳонаи баланд ва имкон гирифтани сареъи шаҳрванди Русия мумкин аст мавриди таваҷҷуҳи бархе аз муҳоҷирон бошад. Ба гуфта вазорат дифоъ Биритониё, хориҷиҳое, ки вориди хидмати низомӣ шудаанд, эҳтимолан ба хатти муқаддам эъзом мешаванд, ҷое, ки сатҳ талафоти неруҳои русӣ бисёр боло аст.
Талош барои ҷазби муҳоҷирон танҳо яке аз роҳҳое аст, ки мақомоти Русия дар талош барои дастёбӣ ба ҳадафи эъломшуда тавассути Вазорати дифоъ, эъзоми 400000 «довталаб» ба ҷанг ҳастанд. Нависандагон ин баррасӣ бар ин боваранд, ки мақомоти Русия саъй хоҳанд кард то замоне, ки мумкин аст мавҷи ҷадиде аз басиҷро эълом накунанд то аз норизоити сокинон ҷилавгирӣ шавад.
Рӯзи 6 май вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия Михаил Матвеев пешниҳод кард ё низоми душаҳрвандиро бо баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боз дошта шавад ва ё қоидаи сафарбар кардани ин гуна шахсонро ба ҷанг тағйир диҳанд.
“Куҷост баталёни тоҷикӣ?” — навишт Матвеев дар Телеграм ва суол гузошт, ки чаро ҳар сол даста-даста мардони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, шаҳрвандии Русияро мегиранд, вале ба майдони ҷанг сафарбар намешаванд.
Вакили рус иддао кард: «Дар моддаи 10-уми қонуни федеролӣ дар бораи уҳдадории ҳарбӣ гуфта шудааст: шахсе, ки шаҳрвандии Русияро гирифт, бояд дар давоми ду ҳафта худро дар комиссариати ҳарбӣ сабтином кунад. Пас, мушкил чист? Чаро онҳо мобилизатсия намешаванд? Баталйони тоҷикҳо ку? Ҷанг давом дорад, ба Русия сарбоз лозим аст… «артиш»-и зодагони Осиёи Марказӣ бештар дар полки таксиронҳову роҳрӯбон ва бинокорон ҳастанд, на тирандозӣ ё ҳадди ақал хандақканӣ.»
То ҳол ба ҷанг алайҳи Укроин танҳо зиндониёни зодаи кишварҳои ОМ-ро мебурданд, аммо аз сафарбарсозии афроди мулкӣ хабари камтаре мерасид. Магар онҳое, ки дар Русия таваллуд ва бузург шудаанду танҳо шаҳрвандии ин кишварро доранд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

