Friday, October 24, 2025
ADS
HomeПаём нет«Ҳосилот»ба Ҷоми АФК роҳ наёфт

«Ҳосилот»ба Ҷоми АФК роҳ наёфт

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор натавонист ба даври гурӯҳии Ҷоми АФК роҳ ёбад

Дирӯз, 28-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе шоми футболи калон бо ҳузури беш аз 25 ҳазор мухлис дар майдони марказии пойтахт баргузор гардид.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ дастаи «Дордой»- и Ӯши Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт.

Бозӣ хело ҳам тезу тунд ва тамошобоб гузашт. Дар дақиқаи 6-ум бозингари меҳмонон Ислом Шамшиев ҳисобро кӯшод ва то охири бозӣ ҳисоб тагир наёфт.

Дар дақиқаи 90+1 Муҳаммадҷони Ҳасан аз дастаи «Ҳосилот» ҳисобро баробар кард, вале барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтани «Ҳосилот» ин басанда набуд. Барои роҳ ёфтан ба ин давра соҳибони майдон бояд бо изофаи 2 туб бозиро мебурданд. Дар даври аввали бозӣ «Ҳосилот» бо ҳисоби 1-0 мағлуб гашта буд.

Ба гуфти манбаи ФФТ аз Тоҷикистон фақат як даста имсол «Истиқлол»-и Душанбе дар даври гурӯҳӣ бозӣ мекунад. Ин бозиҳои гурӯҳӣ 14.03.2017 оғоз мегарданд ва дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад.

Дар ин гурӯҳ «Истиқлол» бо дастаҳои «Алтин Асир»-и Туркманистон ФК «Алай»-и Қирғизистон ва «Дордой»-и Ӯши ҳамсоякишвари бозӣ хоҳад кард.

Саид Саидов, махсус барои «Паём»

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?