Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе гуфт, ки русҳо дар набарди “муқаддас” бо Ғарб бар сари Укроин, ки қатъан бо пирӯзии онҳо ба поён хоҳад расид, бо ҳам муттаҳид шудаанд.
Путин дар нутқе, ки ба муносибати солрузи пирӯзии қувваҳои Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум ироа кард, борҳо таҳоҷуми низомӣ ба Укроинро, ки иқдоме дифоъӣ дар баробари талоши Ғарб барои Русия тавсиф мекард, бо чолише, ки Маскав дар замони ҳамлаи Адолф Ҳитлер ба Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1941 бо он рӯ ба рӯ шуд, муқоиса кард.
Раисҷумҳури 70 солаи Русия дар ҷамъи кӯҳнасарбозони ҷанги ҷаҳонии дувум ва низ нерӯҳои артиши ин кишвар, ки барои анҷоми паради солонаи Рӯзи Ғалаба дар Майдони сурхи Маскав гирди ҳам омада буданд, гуфт: “ҷаҳон дар як нуқтаи атф қарор гирифта ва як ҷанги тамомаёр алайҳи меҳани мо оғоз шуда, вале набардҳои сарнавиштсоз барои сарнавишти сарзамини модарии мо ҳамеша ватанӣ, миллӣ ва муқаддас будааст.”
Путин аз нерӯҳои русии ҳозир дар таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин ба унвони қаҳрамононе ситоиш кард, ки барои ояндаи кишвар дар баробари Ғарб меҷанганд, ки ба гуфтаи ӯ нақши таъйинкунандаи Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравиро дар шикасти Олмони нози (фашистӣ) фаромӯш кардаанд.
Раисҷумҳури Русия тасреҳ кард, ки “нухбагони ҷаҳонигароии (глобалистии) ғарбӣ” дар ҳоли киштани тухми русофобия ва натсиунализми таҳоҷумӣ ҳастанд ва мардуми Укроин низ “гаравгони кудатои давлатӣ” ва “ҷоҳталабиҳои ромнашудании Ғарб” шудаанд.
Ӯ афзуд: “мо мехоҳем ояндаҳои ором, озод ва босуботро бубинем ва ба ҳамин хотир ба муқобила бо терроризми байналмилалӣ бархостем ва дар ин масир аз сокинони Донбас (дар шарқи Укроин) муҳофизат ва амнияти худро тазмин хоҳем кард.”
Путин муддаӣ шуд, ки биноҳои ёдбуди сарбозони Шӯравии собиқ дар теъдоде аз кишварҳо дар ҳоли тахриб аст вале ӯ ҳамчунон ба тамоми касоне, ки алайҳи нозиҳо (фашистон) ҷангиданд, адои эҳтиром мекунад.
Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ 27 миллион нафарро дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дувум аз даст дод, аз ҷумла миллионҳо нафар дар Укроин, аммо дар ниҳоят нерӯҳои нозиро ба Берлин бозгардонд, ҷое, ки Ҳитлер худкушӣ кард ва парчами сурхи пирӯзии Шӯравӣ бар фарози Рейхстаг (сохтмони парлумони Олмон) дар соли 1945 барафрошта шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

