Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон омад

Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон омад

Раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Сардор курсии райсатҷумҳуриро аз падараш мерос гирифта ва улгуе барои Рустами Эмомалӣ қаламдод мешавад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Бердимуҳаммадовро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular