Вазорати корҳои дохила навори нашршуда дар чанд рӯзи пеш дар шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар он оташ гирифтани як мактабхон сабт шудааст, таҳқиқ мекунад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттило дода, ки ҳодиса рӯзи 6 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 ноҳияи Сино рух додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар мактаб он рӯз дар асоси нақша машқҳои мудофиаи гражданӣ ва омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шудааст.
“Дар натиҷаи аз ҷониби масъулин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, зимни оташсузӣ пушти бадани хонандаи синфи 10-уми муассисаи мазкур оташ гирифта, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, — омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби кормандони ВКД «маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад».
Раёсат дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла чӣ гуна ба либоси мактабхон гузаштани оташ хабар намедиҳад.
“Азия-Плюс” бо истинод ба Хадамоти ҷумҳуриявии оташнишонӣ хабар додааст, ду нафаре, ки ба хомӯш кардани оташ талош доштанд, хонандагони синфҳои болоии ҳамин мактаб мебошанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

