Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶамшед Ёров: парвандаи нави Бузургмеҳр ҳам комилан сиёсист

Ҷамшед Ёров: парвандаи нави Бузургмеҳр ҳам комилан сиёсист

Тафтишоти пешакии парвандаи маҳбуси сиёсӣ, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров ба итмом расида, маводҳои парванда барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додситон ирсол карда шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Ёров, бародари Бзургмеҳр хабар дод. 

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров чун марҳилаи тафтишоти пешакӣ тамом шудааст, амал накардан ба забонхатҳои ғайриқонунӣ гирифтаи муфатишон дар бораи фош накардани маълумоти парванда ҷавобгарӣ дар пай надорад.

Бародари вакили дифоъи маъруф, ки худаш ҳам вакили дифоъ аст, мегӯяд “ин парванда мисли дигар парвандаҳо нисбати мухолифини режими Эмомали Раҳмон ва ё фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар фазои дуруғ, пинҳонкорӣ, овардани фишору шиканҷа нисбати гумонбарон, шоҳидон, наздикони онҳо сохтаву бофта шудааст”. 

Ёров тасреҳ карда, ки “то ҳол рубарукунӣ бо даъвогаре, ки нисбати Бузургмеҳр ариза навиштааст гузаронида нашудааст, маводҳои лозима, ки гирифтани пулҳоро гуё тасдиқ мекунанд ҷамъоварӣ нашудааст, дархостҳои Бузургмеҳр қонеъ нашудаанд. Асос ба ҷавобгарӣ кашидани Бузургмеҳр танҳо аризаи хаттии зери шиканҷа навиштаи маҳбус Ҳасанов Ҳасан аст. Тамом. Ягон тасдики ҳуҷҷатии гирифтан ва ё ирсол намудани маблағҳо дар парванда нест”.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров додгоҳ тибқи қонун бо ворид шудани аризаи даъваогӣ дар бораи қарздор будани касе, ҳамтан забонхати нафари қарзгирифтаро талаб мекунад, 

ки гирифтани пулро тасдиқ кунад. “Вале барои ба зиндон бо туҳмат равон кардани як шахс на додгоҳ ва на мақомоти “ҳифзи ҳуқуқ” чунин ҳуҷҷатро аз аризанависандагон талаб намекунанд. Чаро? Чунки парванда сиёсист, фармоишист ва парванда нисбати шахсоне ҳаст, кӣ буданашон барои ҳукумат дарди сар аст. Барои ҳамин бо ҳар роҳу воситаи “қонунӣ” чунин шахсон бояд несту нобуд карда шаванд” — мегӯяд бародари Бузургмеҳр Ёров.

Ба иттилоъи ӯ эҳтимолан баъди ду ҳафта мурофиаи додгоҳӣ дар боздошгоҳи муваққатӣ оғоз мешавад. 

“Ва ин охирон хату хабар аз Бузургмеҳр мешавад” мегӯяд Ҷамшед. Ба гуфтаи ӯ бародараш новаобаста аз ин ки барояш ҷазо таҳдид мекард дар бораи парвандааш маълумот ирсол кард.

“Ба умеди мадад ва адолат. Мо чӣ кардем ва чӣ метавонем кард?” — суол мегузорад Ҷамшед Ёров.

Гуфтанист, ду рӯз қабл номаи саркушодаи модари Бузургмеҳр Ёров , ки дар он Ҳуриниссо Исҳоқова талаби адолат нисбати фарзандаш шуда буд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular