Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДевони олии Покистон ҳукми озодии фаврии Умрон Хонро содир кард

Девони олии Покистон ҳукми озодии фаврии Умрон Хонро содир кард

Девони олии Покистон боздошти Умрон Хон, нахуствазири собиқро ғайриқонунӣ хонд ва ҳукми озодии ӯро содир кард. Аз Умрон Хон хоста шуда, ки ҳаводоронашро ба оромиш даъват кунад. Дар нооромиҳои муртабит бо боздошти ӯ дасти кам даҳ нафар кушта шудаанд. 

Девони олии Покистон пас аз баррасии додхости Ҳизби Таҳрики Инсоф дар бораи боздошти Умрон Хон, нахуствазири барканоршудаи ин кишвар ҳукм дод, ки ӯ зарфи як соат бояд озод шавад. 

Расонаҳои Покистон бо истинод ба ҳукми Умар Аттор Бандиёл, раиси Девони олии ин кишвар, аз “ғайриқонунӣ будан”-и боздошти Умрон Хон хабар додаанд. 

Бандиёл гуфтааст, ки шевае, ки барои боздошти Умрон Хон дар дохили додгоҳ ба кор гирифта шуд ҳеҷ гоҳ қобили дифоъ нест. 

Ӯ Умрон Хонро фаро хондааст, ки ҳаводронашро ба оромиш даъват кунад, зеро нооромиҳо дар хиёбонҳои Покистон рӯ ба фузунӣ аст. 

Марги даҳ нафар ва боздошти 2300 нафар аз паёмадҳои нооромиҳои муртабит бо боздошти Умрон Хон будааст.  

Вакили аршади мудофеъи Умрон Хон гуфтааст, ки ӯ ба рағми озодӣ бояд дар Исломобод таҳти назари нерӯҳои амниятӣ бимонад ва имрӯз ҷумъа 12 май дар додгоҳ ҳозир шавад. 

Умрон Хон нахуствазири собиқи Покистон рӯзи сешанбе 9 май дар иртибот бо “парвандаи фасоди молӣ” дар Исломобод дастгир шуд ва як рӯз баъд як қозии додгоҳи мубориза бо фасод боздошти ӯро барои бозҷӯӣ ва такмили парванда ба муддати 8 рӯз тамдид кард. 

Дастгирии нахуствазири собиқи Покистон дар рӯзи сешанбе эътирозоти хушунатомезеро дар саросари кишвар ба ҳамроҳ дошт ва давлати ин кишвар аз нерӯҳои артиш барои кумак ба пулис ва барқарорӣ кумак хост. Дар ҷараёни нооромиҳо то кунун даҳ нафар кушта шудаанд. 

Маҷрӯҳ шудани дусад пулис, тахриби чандин сохтмон ва истгоҳи роҳи оҳан ва боздошти 2300 нафар аз мӯътаризон низ аз паёмадҳои боздошти Умрон Хон будааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular