Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПарвандаи Хуршед Фозилов ба додгоҳи ирсол мешавад

Парвандаи Хуршед Фозилов ба додгоҳи ирсол мешавад

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аз поёни таҳқиқи парвандаи хабар дода, гуфт парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд. Фозиловро барои ҳамкорӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд.

Самадова гуфт ҳамроҳ бо Хуршед Фозилов бо маводҳои парванда шинос шуданд ва рӯзноманигор бо моддаи 307 иловаи 3, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ) муттаҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Фозилов узвият дар ҳама созмонҳои мамнуъро рад карда, гуфта будки аз ӯ эътирофи иҷборӣ гирифтаанд.

Хуршед Фозилов, рӯзноманигори 37-солаи тоҷик, аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳо хабару гузориш менавишт ва пас аз нисфирӯзии 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular