Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБаррасиии парвандаи шиканҷагарони Абдуқаҳҳор Розиқов шурӯъ шудааст

Баррасиии парвандаи шиканҷагарони Абдуқаҳҳор Розиқов шурӯъ шудааст

Баррасиии парвандаи се корманди Вазорати корҳои дохила, ки дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, як сокини ин шаҳр гумонбаранд, аз ҷониби додгоҳи шаҳри Кӯлоб шурӯъ шудааст.

Ин се милиса, ки аз онҳо Зафар Холов, Шамшод Шарифов ва Ҷамшед Кароматов, ном бурда мешавад, ба он айбдор мешаванд, ки бо «баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ» Абдуқаҳҳор Розиқовро худсарона боздошт ва шиканҷа кардаанд.

Қаблан мақомоти расмӣ гуфта буданд, се маъмури милиса ба “бесалоҳиятӣ” гумонбар ҳастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар эъломияе гуфта буд «ӯ дар роҳ ва бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт». Аммо наздиконӣ Абдуқаҳҳор Розиқов иддао карданд, ки ӯ зери шиканҷа ҷон додааст.

Қаблан, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки “3 корманди милиса, ки Абдуқаҳҳор Розиқовро боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ оварданд, барои хунукназарӣ ҷазо гирифтанд, на барои куштор”.

Ҳамчунин, ба қавли вазир, дар робита ба ин ҳодиса, чанд корманди мақомоти корҳои дохила аз кор озод шудаанд, аммо ӯ аз касе ном нагирифт.

Абдуқаҳҳор Розиқовро кормандони милиса шаби 3-юми январ бо гумони даст доштан дар кочоқи маводи мухадддир боздошт карданд, вале субҳ ба наздиконаш хабар доданд, ки ҷасадашро аз сардхона бигиранд.

Марги ӯ эътирози гурӯҳе аз сокинони Кӯлобро ба бор овард. Наздиконаш камаш ду дафъа эътироз карда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд. Мақомот ваъда доданд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular