Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетCафари аврупоии Зеленский; Бритониё садҳо мушак ва паҳпод ба Укроин хоҳад дод

Cафари аврупоии Зеленский; Бритониё садҳо мушак ва паҳпод ба Укроин хоҳад дод

Бритониё рӯзи душанбе эълом кард, ки дар назар дорад садҳо мушак ва паҳподи таҳоҷумӣ ба Укроин таҳвил диҳад. 

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин имрӯз, душанбе барои дидор бо Риши Сунак, нахуствазири Бритониё ба Лондон сафар кардааст. 

Раисҷумҳури Укроин рӯзи якшанбе дар Берлин ва Париж бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дидор карда буд. Дар баёнияи дафтари нахуствазири Бритониё дар бораи таҳвили мушак ва паҳпод ба Киев омадааст: “ин кумаки низомӣ тайи моҳҳои оянда ҳамзамон бо омода шудани Укроин барои ташдиди муқовамат дар баробари таҳоҷуми низомии Русия ирсол хоҳад шуд.” 

Сафари аврупоии Владимир Зеленский дар ҳоле анҷом мешавад, ки тайи ҳафтаҳои гузашта гумонзаниҳои зиёде дар бораи замони оғози амалиёти зидди таҳоҷуми Укроин сурат гирифта буд. Раисҷумҳури Укроин ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки артиши ин кишвар ба замони бештаре барои омодагӣ ба оғози амалиёти зидди таҳоҷумии худ ниёз дорад. 

Бо ин ҳол нерӯҳои укроинӣ аз даст ёфтан ба “аввалин муваффақиятҳо” дар Баҳмут ва ҳавмаи ин шаҳр сухан мегӯянд. Русия ба кумаки шибҳинизомиёни Вагнер бахши зиёде аз шаҳри Баҳмутро тасарруф кардааст. 

Кохи Элиз шаби якшанбе  пас аз дидори сесоатаи Эммануэл Макрон бо Владимир Зеленский эълом карда буд, ки Париж тайи ҳафтаҳои оянда даҳҳо танки сабук ва худрави зиреҳӣ ба Укроин таҳвил хоҳад дод. Фаронса ҳамчунин мутааҳҳид ба таҳвили сомонаҳои дифоъии ҳавоӣ ба Киев шудааст. Бо ин ҳол ҷузъиёти бештаре аз ин кумакҳои низомӣ мунташир нашудааст. 

Садри аъзами Олмон низ рӯзи якшанбе пас аз дидор бо раисҷумҳури Укроин аз ихтисос бастаи ҷадиди кумаки низомӣ ба Киев ба арзиши ду миллиарду 700 миллион евро сухан гуфта буд. Бастаи кумаки низомии Берлин ба Укроин шомили танк, сомонаҳои дифоъии ҳавоӣ дар баробари ҷангандаҳо ва муҳиммот мешавад. Ба гуфтаи Олаф Шолтс бо бастаи ҷадиди кумаки низомӣ ба Укроин арзиши кумакҳои Берлин ба ин кишвар ба 17 миллиард евро мерасад. 

Ба ин тартиб Олмон пас аз Амрико муҳимтарин ҳомии Укроин дар баробари таҳоҷуми низомии Русия маҳсуб мешавад. Владимир Зеленский пеш аз сафар ба Берлин ва Париж дар Рим бо раисҷумҳурӣ ва нахуствазири Италия дидор карда буд. 

То кунун ҳеҷ кадом аз кишварҳои аврупоӣ бо вуҷуди исрори Укроин бо таҳвили ҳавопаймои ҷанганда ба ин кишвар мувофиқат накардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular