Ҷумҳурии Озарбойҷон аз боздошти дастикам 9 нафар аз шаҳрвандони худ хабар дод. Гуфта мешавад ин афрод гумонбар дар иртибот бо сервисҳои махфии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои барномарезӣ барои кудато ва террор будаанд.
Мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи сешанбе 16 май гуфтанд, ки Озарбойҷон дасти кам 9 нафар аз шаҳрвандони худро ба гумони иртибот бо сервисҳои махфии Эрон ва барномарезӣ барои кудато ва террор боздошт кардаанд.
Вазорати кишвар, Кумитаи амният ва Додситонии кулли Озарбойҷон дар баёнияи муштарак эълом карданд, нерӯҳои интизомии Озарбойҷон рӯзи сешанбе афродеро, ки “барои сервисҳои махфии Эрон кор мекарднд” дастгир карданд.
Дар ин баёния номи 9 зикр шуда ва гуфта шуда, ки чандин нафари дигар низ дастгир шудаанд.
Дар баёния омадааст, ки ин гурӯҳ дар ҳоли барномарезӣ барои “сарнагунии хушунатомези давлат ва террори шахсиятҳои барҷаста ва мақомоти аршад”-и ҷумҳурии Озарбойҷон будаанд.
Мавҷи дастгириҳо дар пайи боздошти шаш табааи озарбойҷонӣ дар як парвандаи мутафовит дар моҳи ҷорӣ рух дод. Онҳо муттаҳам шуданд, ки “аз сӯи сервисҳои махфии Эрон барои эҷоди бесуботӣ дар авзоъ дар кишвар истихдом шудаанд”.
Озарбойҷон дар ихтилофоти арзиаш бо Арманистон бар сари Қарабоғ Эронро ҳомии Арманистон медонад ва Теҳронро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои шиъаи ифротии Озарбойҷон муттаҳам мекунад.
Эрон ҳам дар ҳоли ҳозир нигарон аст, ки тавофуқи оташбас миёни Озарбойҷон ва Арманистон ба тағйироте дар марзҳои ҷанубии Арманистон мунҷар шавад ва роҳҳои иртиботии Эрон бо кишварҳои аврупоӣ аз тариқи Русия маҳдудтар гардад.
Иртибототи танготанги Озарбойҷон бо Исроил низ писанди Ҷумҳурии Исломӣ нест. Теҳрон бим дорад, ки Исроил аз хоки Озарбойҷон барои расаду нуфуз дар Эрон ва ҳамлаи эҳтимолӣ ба ин кишвар истифода кунад. Исроил таъминкунандаи аслии таслиҳоти ҷумҳурии Озарбойҷон аст.
Равобит миёни ду кишвари ҳамсоя — ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи гузашта бо ҳамлаи як марди мусаллаҳ ба сафорати Боку дар Теҳрон ба шиддат тира шуд. Муҳоҷим як дипломатро кушт ва ду муҳофизи сафоратро захмӣ кард.
Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Ҷумҳурии Исломиро масъули ин тирандозӣ донист. Иддаое, ки вазорати хориҷаи Эрон онро рад кардааст.
Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе 11 майи соли ҷорӣ чаҳор дипломати эрониро ба унвони “аносири номатлуб” ихроҷ ва Аббос Мусавӣ, сафири Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷонро ба вазорати хориҷа эҳзор кард. Аз чаҳор дипломат хоста шуда буд, зарфи 48 соат ба Эрон бозгарданд.
Сооте пеш аз эъломи ихроҷи дипломатҳои эронӣ, шаш нафар дар ин кишвар дастгир шуданд, ки гуфта шуд дар ҳоли “барномарезӣ барои кудато” будаанд. Боку гуфтааст, ки ин шаш шаҳрванди озарбойҷонӣ “барои бесубот кардани авзоъ дар кишвар тавассути сервисҳои махфии Эрон истихдом шуда ва омӯзиш дидаанд».
Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, ин мардон қасд доштаанд бо “манобеъи молии ҳосил аз фурӯши маводи мухаддир” исломи тундрави мавриди назари Эронро дар ҷумҳурии Озарбойҷон таблиғ кунанд. Ин боздоштҳо пас аз моҳҳо таниши дипломатик миёни ду кишвар сурат гирифт.
Бо ин ҳол мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ як моҳ баъд хабари ихроҷи чаҳор дипломати Эрон аз ҷумҳурии Озарбойҷонро мунташир карданд ва аз ихроҷи мутақобили чаҳор дипломати озарбойҷонӣ хабар доданд.
Хабаргузории Тасним вобаста ба Сипоҳи Посдорон рӯзи ҷумъа 12 май бо эъломи ин хабар афзуд: “моҳи гузашта чаҳор дипломати вазорати хориҷаи ҷумҳури иОзарбойҷон дар Теҳрон ва Табриз, ба унвони унсури номатлуб шинохта ва ихроҷ шуданд. Ин иқдоми Эрон дар посух ба Боку дар ихроҷи дипломатҳои эронӣ анҷом гирифтааст”.
Давлати ҷумҳурии Озарбойҷон дар пайи ҳамлаи фарди мусаллаҳ ба сафоратхонаи ин кишвар дар Теҳрон, сафорати худро баст ва тамоми дипломатҳои худро аз Теҳрон хориҷ кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

