Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКабирӣ: кишваре, ки ба худ эҳтиром қоил аст, аз узвияти СПАД даст...

Кабирӣ: кишваре, ки ба худ эҳтиром қоил аст, аз узвияти СПАД даст мекашад

Дар маҳфилҳои давлатии Арманистон аз иқдомоти ахири Кремл розӣ нестанд, бинобар ин сӯҳбатҳое дар мавриди хурӯҷ ин кишвар аз Созмони Паймон Амнияти Дастаҷамъӣ ба гӯш мерасад. Сабаби ин норизоиятиҳо ин аст, ки Маскав на танҳо силоҳҳоеро, ки аз тарафи Арманистон суфориш дода шуда, балки он қисматеро ҳам, маблағаш тавассути тарафи арманӣ пардохт шудааст, ирсол намекунад. Дар ин бора Армен Григорян, дабир Шӯрои амнияти Арманистон дар мусоҳибае бо “Новая газета” хабар дод. 

Қаблан Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар сӯҳбате гуфта буд, ки СПАД созмони номуваффақ аст ва ҳеҷ ояндае надорад. 

Гиригорян дар ин мусоҳибааш гуфт ӯҳдадориҳои созишномавӣ дар чорчӯби СПАД риоят намешаванд, бинобар ин механизми мафҳуми феълии амният дар минтақа кор намекунад. Дабири Шӯрои Амнияти Арманистон гуфт ин вазъият дар ҷараён ҷанги дувум барои Қарабоғи кӯҳӣ ба вуҷуд омадааст. 

 “Дар умум, мо фикр мекардем, ки метавон бо телефон тамос гирифт ва гуфт: «ман мушкил дорам». Дар посух мегӯянд: «бисёр хуб, азизам, мо кумак мекунем.» Мо таҷриба кардем ва дидем, ки ин механизм кор намекунад” — изҳор дошт Григорян. 

Илова бар ин, дар таъмини таслиҳот низ мушкил вуҷуд дорад, ки тибқи созишномаҳо, қарор буд Русия ирсол кунад. Ва сухан на танҳо дар мавриди қарордод аз соли 2021 барои таъмини «силоҳҳои модерн», ки дар форуми «Артиш 2021» дар Маскав имзо шуда буд меравад. Ба гузориши расонаҳои русӣ, маблағи умумии ин қарордод ба 2 миллиард евро мерасид. 

Григорян таъкид кард «сухан дар бораи танҳо як қарордод нест, он чандто аст. Мо ҳамчунин аз СПАД интизор доштем, ки дар замони ҳамлаи мустақими нерӯҳои Озарбойҷон ба қаламрави Армнаистон вориди кор мешавад, аммо нашуд”. Ва илова кард, ки аз ин сабаб гуфтугӯҳо дар бораи хурӯҷ аз СПАД шурӯъ шуданд. 

Хотиррасон мекунем, ки моҳи январ соли ҷорӣ, Арманистон аз мизбонии машқҳои низомии Созмон Паймон Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони  «Бародарии фанонопазир» худдорӣ кард. Бо вуҷуди ин, Кремл гуфт, ки Арманистон ҳамчунон «муттаҳиди бисёр наздик» аст. 

“СПАД ноӯҳдабарост”

Дар посух ба дархости “Паём” дар бораи шарҳи чунин мавқеъгирии Арманистон, Муҳиддин Кабирӣ, ки қаблан СПАД-ро созмони номуваффақ ва ба зудӣ фурӯпошанда тавсиф карда буд, изҳор дошт: “арманиҳо ҳамаи ҳуқуқ ва асосҳо баро на танҳо интиқод аз СПАД, балки хурӯҷ аз онро доранд. Чун замони низоъи Арманистон бо Озарбойҷон, арманиҳо ба ҳайси узви СПАД дархости кӯмак карданд, аммо ин созмон ҳеҷ вокунише ба ин дархости Арманистон накард. Ва бо ин кораш нишон дод, ки як созмони ноӯҳдабаро аст ва на он созмонҳои низомиест, ки аз манофеъи кишварҳои узваш ҳимоя мекунад”. 

Ба гуфтаи раҳбари Паймони миллии Тоҷикитсон “СПАД бештар ба як созмони пулисии минтақавӣ шабоҳат дорад, ки ба мақомоти олирутба хидмат мекунад ва дар ҳолати кунунӣ ба мақомоти олирутбаи танҳо як кишвар — Русия. Барои мисол замони ҳаводиси Қазоқистон СПАД ба онҷо низомиёни худро фиристод — на танҳо низомиёни рус, балки кишварҳои дигарро ҳам маҷбур карданд ин корро кунанд, ҳарчанд шумори онҳо символикӣ буд. Дар ҳоле, ки ба Қазоқистон ҳеҷ хатаре аз берун таҳдид намекард. Ин аз он дарак медиҳад, ки қарорҳо дар чорчӯбаи СПАД бар хилофи оинномаи ин созмон қабул карда мешаванд”. 

Кабирӣ таъкид кард “узви чунин созмоне будан барои ҳар кишваре, ки худро мустақид медонад на танҳо ҳеҷ маъние надорад, балки метавонад ба амнияти ин кишварҳо таҳдид кунад. Агар Арманистон аз ин созмон хориҷ шавад, эътибори бештаре касб хоҳад кард. Ва агар ҳатто ин кор дар ояндаи наздик иттифоқ наафтод, худи интиқоди Арманистон аз ин созмон ва даст кашиданаш аз мизбонии машқҳои низомии СПАД аз хеле чизҳо дарак медиҳад”.

“Ман ба ин назарам ҳар кишвар ва миллате, ки ба худ эҳтиром қоил аст, бояд сафи чунин созмонҳои сунъӣ мисли СПАД-ро тарк кунад” — таъкид кард раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular