Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТамдиди тавофуқи судури ғалла аз Баҳри Сиёҳ ба муддати ду моҳи дигар

Тамдиди тавофуқи судури ғалла аз Баҳри Сиёҳ ба муддати ду моҳи дигар

Як рӯз қабл аз ба охир расидани мҳлати тавофуқ, раисҷумҳури Туркия аз тамдиди думоҳаи қарордоди содироти ғалла аз Баҳри Сиёҳ хабар дод. Ҳудуди 30 дарсад тиҷорати ҷаҳонии гандум дар ихтиёри Русия ва Укроин аст. 

Раҷаб Таййиб Урдуғон раисҷумҳури Туркия, танҳо як рӯз пеш аз поёни мӯҳлати тавофуқномаи каридори ғаллаи баҳри сиёҳ байни Русия ва Укроин, аз тамдиди ин қарордод ба муддати ду моҳи дигар хабар дод. Урдуғон аз ҳомиён ва кафилони ин тавофуқнома аст.

Қарордоди интиқоли ғаллаи Укроин аз Баҳри Сиёҳ, ки 22 июли 2022, бо миёнҷигирии Созмони милал ва Туркия ба манзури интиқоли амни ғалла ва маводи ғизоӣ аз бандари Укроин дар Истамбул имзо шуда буд, як бор дар ноябр ба муддати 120 рӯз, ва ду моҳ пеш ба муддати 60 рӯзи дигар тамдид шуда буд. 

Хабари тамдиди ин тавофуқ дар шароите эълом шуд, ки танҳо як рӯз ба итмоми мӯҳлати он боқӣ монда ва охирин киштӣ, яке аз бандарҳои Укроинро тарк карда буд. 

Урдуғон дар суханоне зимни сипос аз мақомоти Русия ва Укроин ва ҳамчунин Антониу Гуттераш дабири кулли Созмони милали муттаҳид, хабари тамдид ин тавофуқро эълом кард. 

Ин тавофуқ, тазмине барои содироти ғаллаи боқимонда дар бандари Укроин дар баҳри Сиёҳ маҳсуб мешавад. Русия ва Укроин дар маҷмӯъ ҳудуди 30 дарсад аз тиҷорати ҷаҳонии гандумро дар ихтиёр доранд. 

Дар замони имзои тавофуқи коридори ғаллаи Баҳри Сиёҳ дар Истамбул дар 22 июли 2022, дасти кам 20 миллион тонн гандум, баробар бо як дарсади масрафи ҷаҳонӣ, дар анбори бандарҳои Баҳри Сиёҳ боқӣ монда буд. Ин вазъи норӯшани гандумҳои анборшуда, ҷаҳон ва ба хусус Африқоро бо таҳдиди ҷиддӣ дар заминаи камбуди маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ карда буд. 

Дар тавофуқи коридори ғаллаи Баҳри Сиёҳ, тарафайн ба тавофуқ расиданд, ки гузаргоҳҳои баҳрии амнӣ ба вуҷуд биёяд то имкони ҳаракати киштиҳои тиҷорӣ дар Баҳри Сиёҳ фароҳам шавад ва ду тарафи даргир низ, бетарафии киштиҳои дар ҳоли тараддуд дар ин коридорро ба расмият бишиносанд. 

Русия дар замони гуфтугӯҳои пеш аз имзои тавофуқ, ки ҳудуди 2 моҳ ба тӯл анҷомид исрор дошт, ки итминон пайдо кунад, Киев аз ин масир ба манзури таъмини силоҳи худ истифода нахоҳад кард. 

Аз ин рӯ бар асоси бандҳои тавофуқ, қарор шуд, ки киштиҳои ҳомили ғалла мавриди бозрасиҳои комил қарор гиранд. Пас аз дастёбӣ ба ин тавофуқ, ки ба имзои вазири дифоъи Русия ва вазири рушди Укроин расид, Киев тавонист содироти ғалла аз се бандар — Одесса, Ҷанубӣ (Южный)  ва Черноморскро аз сар бигирад. 

Бар асоси эъломи вазорати дифоъи Туркия, то кунун ҳудуди 30 миллион тонн ғалла аз тариқи ин коридор ба кишварҳои мухталиф мунтақил шудааст. 40 дарсад ғаллае, ки аз ин коридор ҷо ба ҷо мешавад ба Аврупо, 30 дарсад ба Осиё, 13 дарсад ба Туркия, 12 дарсад ба Африқо ва 5 дарсад низ ба ғарби Осиё мерасад. 

Бар асоси хабарҳои мунташиршуда, музокироти муовинони вазирони дифоъи Русия, Туркия ва Укроин ва мақомоти Созмони милали муттаҳид дар хусуси тамдиди думоҳаи ин тавофуқнома, рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Истамбул анҷом шуда буд. 

Маскав пеш аз ин эълом карда буд, ки танҳо ба шарте бо тамдиди ин тавофуқнома мувофиқат хоҳад кард, ки маҳдудиятҳои марбут ба содироти маҳсулоти кишоварзии ин кишвар лағв шавад. 

Ба гуфтаи мақомоти Русия, таҳримҳои бимаҳое алайҳи Русия ва мушкилоти пардохти ҳосил аз он сабаби кунд шудани раванди содироти нуриҳои минералӣ ва ғаллаи ин кишвар шудааст. 

Сергей Вершинин муовини вазири умури хориҷаи Русия ду моҳ пеш таҳдид карда буд дар сурате, ки тайи 60 рӯз пешрафте дар иҷрои хости Русия ҳосил нашуд, Маскав тавофуқномаи ғалларо қатъ хоҳад кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular