Тибқи тавофуқе, ки байни ҳукуматҳои Чину Тоҷикистон ҳосил шудааст, “аждаҳои сурх” бо дархости ҳамсояи кӯчакаш 400 млн юан (ҳудуди 57 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Дар ин бора Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад тавофуқи ҷудосозии кӯмак дар баробари 12 қарордоди дигари ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар Пекин аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидааст.
Дар лоиҳаи созишнома таъкид шуда, ки кумак бо дархости ҳукумати Тоҷикистон “барои иҷрои тарҳҳои мувофиқашудаи тарафҳо” ҷудо карда мешавад.
“Шартҳои мушаххас барои лоиҳаҳо дар созишномаҳои иловагӣ, ки аз ҷониби тарафҳо имзо мешаванд, пешбинӣ карда мешаванд”, – таъкид мешавад дар лоиҳаи созишнома.
Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин муваззаф шудаанд барои ироаи кумакҳои молиявии бебозгашт мутақобилан суратҳисобҳои бефоиз ва ғайрихарҷӣ кушоянд.
«Ҳангоми истифодаи кӯмаки молиявии ройгон тартиби пешбурди суратҳисобҳо мувофиқи тартиб ва қоидаҳои ҶС Бонки давлатии рушди Чин амалӣ карда мешавад ва бонкҳо дар бораи ҳолати суратҳисобҳо ба тарафҳо ҳисобот медиҳанд», – хулоса мешавад дар лоиҳаи созишнома.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

